Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироаи кӯмакҳои оҷилӣ барои бадахшиҳо


ХВ

Бинобар камбуди шадиди нирӯи барқ дар Бадахшон ба сокинони ин минтақа кӯмакҳои оҷилӣ расонида мешавад. Ба иттилои хабаргузории «Помир-медиа» тибқи дастури муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов ахиран ба Хоруғ 94 тонна ангишт ва 64 тонна орд таҳвил дода шуд. Ояндаи наздик ироаи кӯмакҳои иловагӣ аз қабили чароғҳои барқиву керосинӣ шамъу оташдонҳо дар назар аст. Ба ҷуз ин баъзе созмонҳои байналмилалӣ шумори муайяни аҳолӣ ва мактабу беморхонаҳои мӯҳтоҷи минтақаро бо сӯзишворию воситаҳои гармидиҳӣ таъмин намудаанд. Ширкати «Помир Энержӣ» ба масрафкунандагони барқ ваъда додааст, ки барои афзоиш додани ҳаҷми интиқоли барқ аз ниругоҳи «Хоруғ-1» талош хоҳад кард. Ёддовар мешавем, ки бӯҳрони энергетикӣ дар Бадахшон бар асари рух додани садамаи рӯзи 5-уми феврали имсол дар ниругоҳи «Помир-1» ба миён омадааст.
XS
SM
MD
LG