Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри гузориши «Эдил соз» доир ба вазъии озодии баён


Бунёди байналмилалии озодии баён "Эдил соз" роҷеъ ба вазъи озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гузориши худро ба нашр расонидааст. Бар асоси ин гузориш вазъи озодии баён дар расонаҳои гурӯҳии Қирғизистон нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ беҳтар будааст. Бунёди мазкур ҳамасола вазъи озодии сухан дар васоити ахбори Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад. Матбуоти Қирғизистон, бино бар ин гузориш, ҳарчанд нисбат ба расонаҳои минтақа озодтаранд, аммо он ҷо фишор болои хабарнигорон дар ҳоли афзоиш будааст. Бозори матбуоти Туркманистон имсол таҳқиқ нашудааст, ба ин хотир, ки дар ин кишвар пас аз даргузашти раиси ҷумҳури он Сафармурод Ниёзов тағйиротҳои сиёсӣ ба амал омаданд. Аммо тибқи гузориши Бунёди «Эдил соз», мақомоти Тоҷикистон дар муносибат бо расонаҳо фосила нигоҳ медоранд ва барои сабти номи расонаҳои н ав гоҳе талаботи ғайривоқеъӣ пеш мегузоранд. Манбаъ мегӯяд, ҳатто сабти номи расонаҳо дар кишвар бидуни судури ҳукми додгоҳ бекор карда мешавад.
XS
SM
MD
LG