Пайвандҳои дастрасӣ

Тафовут ва шабоҳатҳои оппозисюнҳои Беларус ва Тоҷикистон


Як Максимюк ва Салими Аюбзод Оппозисюни Беларус эълон кардааст, ки рӯзҳои 17 ва 18-уми март анҷумани сартосарии мухолифони давлатро барпо мекунад, вале раҳбари асосии оппозисюн, Аляксандр Милинкевич бо қаҳр гуфтааст, дар ин анҷуман ширкат нахоҳад кард.

Милинкевич касест, ки як сол пеш дар айни чунин анҷуман номзади ягонаи оппозисюни Беларус дар интихоботи президентӣ баргузида шуда, дар муқобили Александр Лукашенко қарор гирифт. Ба омори расмии мақомоти Беларус 6 дарсади райъдиҳандагон аз номзадии Милинкевич пуштибонӣ кард.

Дар давоми ин як сол Милинкевич намояндаи расмии мухолифони Беларус буд ва дар ин мақом ба кишварҳои хориҷӣ сафарҳо дошт, дар Порлумони аврупо суханронӣ кард ва барандаи ҷоизиа ба номи Сахарови ин порлумон эълон гардид.

Худдории ӯ аз ширкат дар Анҷумани солонaи оппозисюни Беларус аз нигоҳи аксари коршиносон нишонаи фурӯпошии ягонагии мухолифон аст. Вале худи ӯ мегӯяд, хостори парокандагӣ набуда, бо сабаби мухолифаташ ба тасмими шӯрои ҳамоҳангсози оппозисюн дар мавриди раҳбарии бонавбат ба иттиҳоди мухолифон дар анҷуман ширкат нахоҳад кард: "Ман аз сабқат наметарсам ва омодаам бори дигар барои раҳбарӣ мубориза кунам. Вале вақте ки эътилофи мо тасмими раҳбарии бонавбатро пазируфт, рағбати ман ба он гум гашт. Зеро раҳбарии бонвабат чӣ маънӣ дорад? Яъне ҳама раисанд ва ҳеч кас раис нест. Ҳар кас барои муддати муайян раҳбар мешавад, вале баъд аз чанд моҳ ҷойро ба каси дигар медиҳад. Кас метавонад, ҳар се сол як бор раёсат кунад. Аммо шумо бо чунин мушти гиреҳнахӯрда наметавонед, бо як режими диктотурӣ муқовимат кунед."

Милинкевич инчунин мегӯяд, тартиби пебшарии номзадҳои анҷуман шаффоф нест ва бо ҳадафҳои муайян мавриди ҳуққабозист.
Аляксанд Бухвостау, ташкилкунандаи анҷуман аз Иттиҳодияҳои касбии озод, иддаъои Милинкевичро рад кард ва гуфт, мавзеъгирии ӯ хилофи асли ягонагии оппозисюн аст.

Раҳбари Ҳизби коммунист Сиарҳей Калякин, ки раиси ситоди интихоботии Милинкевич буд, гуфт, Милинкевич аз он метарсад, ки мақоми раёсатро аз даст медиҳад: "Ба андешаи ман, вай мутмаъин нест, ки пуштибонии вакилонро ба даст хоҳад овард. Биноан, бидуни сабқат худро канор кашидааст. Касе канораҷӯӣ мекунад, ҳақ нест."

Раиси Ҳизби ваҳдати мардум Анатол Лябежка, ки рақиби Милинкевич дар интихоботи раҳбари ягонаи оппозисюн буда, бо фарқи каме интихоботро бохта буд, мегӯяд, аз ҳамин лаҳзаи изҳороти ахири Милинкевич эътилофи оппозисюн амалан раҳбар надорад ва ин ба анҷуман имкон медиҳад, раҳбари нав интихоб кунад. Вале раҳбари Ҷабҳаи мардумии Белорус Винтсук Вяхорка бар ин аст, ки бидуни Милинкевич анҷуман қонунӣ нахоҳад буд.
Мӯътадилони ҳамаи аҳзоб мехоҳанд, ба хотири ҳифзи ягонагии эътилоф роҳҳои васатро ҷустуҷӯ кунанд. Аз ҷумла таъсиси мақомҳои бештари роҳбариро, ки бархе бонавбат дар ихтиёри аҳзоб гузошта шаванд ва бархе доимӣ бошанд. Аммо хулосаи кулли коршиносон ин аст, ки тафриқа дар оппозисюни Беларус васеътар шуда, ҳамзамон лабханди президент Лукашенкоро низ фарохтар мекунад.

Масъалаи тафриқа дар эътилофҳо зимни муборизаи қудрат ба бисёре аз ҳизбу ҷумбишҳои оппозисюн хос аст. Дар ҳоле ки мухолифони Беларус тавонистанд, як номзади ягонаеро ба саҳнаи интихоботи президентӣ бароранд, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба чунин муваффақият ноил нагаштанд.Дар интихоботи порсолаи президентӣ, ҳатто чизе шабеҳ ба эътилофи ин аҳзоб низ арзи вуҷуд накард. Эҳтимол чунин вазъият аст, ки сабаби зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои нав мегардад.

Раҳматулло Валиев, сарпарасти ситоди Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҳизбе ки дастикам ба се бахш тақсим шудааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон низ мисли Беларус аст парокандагии аҳзоби мухолиф зимни рақобатҳои қудрат вуҷуд дорад. Аммо он ки дар давраи ҷанг ва гуфтушунидҳои сулҳ оппозисюни тоҷик соҳиби як иттиҳоди қавӣ буд, ба ақидаи ҷаноби Валиев ба он бастагӣ дошт, ки сарони аҳзоб аз ҳама фикрҳо даст кашида, танҳо як мақсад доштанд, ки кишварро ба сулҳу оромӣ расонанд. Имрӯз низ, зимни як идеяи миллӣ, чунин ҳолат дар Тоҷикистон имконпазир аст, вагарна, мегӯяд Валиев, дар алоҳидагӣ ҳеч ҳизбе ба мақсад нахоҳад расид, аммо ин ҳол табъи дили раҳбарияти кишвар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG