Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қадами аввали Тоҷикистон барои Роғун: 50 миллион доллар


Ҳукумати Тоҷикистон бо тахсиси 50 миллион доллари амрикоӣ тасмим гирифтааст, идомаи сохтмони нирӯгоҳи обӣ-барқии Роғунро худ бар дӯш гирад. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» гуфт, ин маблағ аз захираҳои молиявии худи Тоҷикистон аст ва сохтмони нирӯгоҳ дар давоми соли 2007 аз сар гирифта хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ҳоло дар сатҳи ширкати «Барқи тоҷик», вазорати саноату энержии Тоҷикистон корҳои ибтидоӣ ба хотири омода сохтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ҷо ба ҷо кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ давом доранд.

Сохтмони нирӯгоҳи обӣ-барқии Роғун дар авохири солҳои ҳафтодуми асри гузашта шурӯъ шуда, яке аз бузургтарин иншоотҳои энержии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Аммо баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони нирӯгоҳ қатъ шуд ва сарбанди он, ки сохтмонаш соли 1987 шурӯъ шуд, соли 1993 бар асари селҳо шуста гардид. Тибқи иттилооти расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар ин нирӯгоҳ ҳудуди 800 миллион доллари амрикоӣ масраф шуда, барои ба итмом расидани сохтмон ҳудуди 1 миллиард доллар зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар онанд, ки далели аслии азсаргирии сохтмони Роғун қабл аз ҳама ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин пружа аст. Ҳодӣ Абдулҷаббор, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дарёфтааст, ки ҷиддият ва иродаи худро дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун собит созад. Вай афзуд, дар шароити барои ҷомиа норӯшан, аммо барои доираҳои маҳдуд рӯшан мавзӯъи Роғун миёни Русия, Покистон ва Амрико матраҳ мешуд. Аз ин хотир, афзуд оқои Абдуҷаббор, сохтмони ин иншоот ба таъхир меуфтод ва ба назар мерасад, акнун роҳи раҳоиш аз ин бӯҳрон пайдо шудааст:

Моҳи октябри соли 2004 миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия як созишномае ба тасвиб расид, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ширкати РусАли Русия ба охир мерасонад. Аммо баъдан гуфтушунидҳои ширкати РусАл бо ҳукумати Тоҷикистон ба бунбаст афтоданд ва моҳи ноябри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон эълом дошт, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби захоири молиявии худи кишвар идома хоҳад дод.

Як идда коршиносон бар он назаранд, ки то ба ин дам ба таъхир гузоштани сохтмони нирӯгоҳи Роғун иштибоҳи худи ҳукумати Тоҷикистон буд. Исмоил Ҳикматов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, агар Тоҷикистон ин корро барвақттар шурӯъ мекард, ин қадар кашмакаш рӯйи ин пружа барпо намешуд.

Бо ин вуҷуд, коршиносони Тоҷикистон азсаргирии сохтмони нирӯгоҳи Роғунро эҷоди эътимод миёни сармоягузорони хориҷӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, акнун Тоҷикистон бо ҷалби ширкатҳои хориҷӣ имкон дорад, ҳаққи бештаре дар ин нирӯгоҳ дошта бошад ва тавозуни қудратҳоро тавассути ширкаташон дар ин пружаи барои Тоҷикистон стратегӣ таъмин кунад. Онҳо мегӯянд, танҳо таъмини манофеъи қудратҳо дар ин пружа метавонад Роғунро аз як пружаи сиёсӣ ба як пружаи иқтисодӣ табдил диҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG