Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як духтараки ноболиғ аз ҷониби волидонаш


Дар шаҳри Панҷакент як духтари понздаҳсола аз ҷониби падари аслӣ ва модарандараш кушта шудааст.


Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр дар натиҷаи як амалиёти тафтишӣ як гӯре ва аз дохили он ҷасади духтараки понздаҳсола, ки Фазилат исм доштааст, пайдо кардаанд.


Дар натиҷаи ташхис маълум шудааст, ки хонандаи синфи ҳашти мактаби миёна аз ҷониби падар ва модарандараш бо чӯб зада кушта шудааст. Айни ҳол аз болои ин ҳодисаи мудҳиш парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG