Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мантиқ -ут - тайр" бо сириллик ба табъ расид


Алии Муҳаммади Хуросонӣ, шарқшиноси маъруфи тоҷик ва баргардонандаи маснавии мазбур дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бе мутолиъаи «Мантиқ - ут -тайр» дарки маъонии тасаввуфия, ба вижа тафсири осори оламгири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳамакнун дар кишвар аз 800 - солагии ӯ таҷлил мегиранд, ғайри имкон аст. Мусоҳиби ман афзуд, «Мантиқ - ут - тайр», ки ҳамакнун таҳия шудааст, шояд мукаммалтарин маснавии Аттор аст, ки бар асоси се нусхаи қаламӣ баргардон шудаву ва бо дуи дигар маснавие, ки дар Ирон нашр шудааст, қиёс гардидааст.

«Мантиқ - ут - тайр»- и Аттори Нишопурӣ аз баландахтар маснавии суфизми форсии тоҷикист, ки барои нахустин бор ҳафт зинаи тасаввуфро дар адабиёти тасаввуфия муаррифӣ доштааст. Адабиётшиносон бар ин назаранд, ки шурӯъ аз «Маснавии Маънавии Ҷалолиддини Балхӣ», дигар ҳама маснавиву достонҳои тасаввуфия дар пайравии ҳамин «Мантиқ -ут -тайр» навишта шудаанд.

Ҳар кас, ки рӯ ин сӯ кунад,
Бо Боязид ӯ хӯ кунад,
Ё дар Саноӣ рӯ кунад,
Ё бӯ диҳад Атторро!

Ин чаҳор мисраъ аз Ҷалолидини Балхӣ буд, ки ба иттилоъи мунаққиддин шиори ҳама шуъарои форсу тоҷик будаанд.

Ва аммо таъсири «Мантиқ -ут -тайр» ба мусиқаи миллӣ низ чашмрас аст. Умари Темур, муғаннии шинохта ва сарояндаи назми тасаввуфия мегӯяд, осори Аттор, ба вижа «Мантиқ -ут -тайр»-и ӯ бо шӯру шар ва самоъи сӯфиёна ба мусиқаи миллӣ роҳ бурдааст. Ба иттилоъи оқои Умар, ҳар оҳанге, ки ӯ ва зумрае аз хунёгарони тоҷик менависанд, аз баҳри беканори «Мантиқ -ут -тайр» шодоб шудаанд. Сабки қавволи афғонӣ (чошнӣ аз вожаи қавл-яъне сухан), фалаки тоҷикӣ ва сегоҳи иронӣ намакчаше аз осори Аттор бардоштаву дар пайгирӣ бо самоъи Ҷалолиддини Балхӣ иншо шудаанд.
XS
SM
MD
LG