Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки хориҷӣ мумкин аст?


- Мо соли 2003 тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид кардем. Ва тибқи меъёрҳои пазируфташуда бояд ҳама қавонин бо қонуни асосӣ мутобиқ сохта шаванд. Дар Қонуни асосӣ номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ на чун ташкилот балки ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ сабт шудааст. Ҳоло бошад мо ин қонунро ҳам бо Қонуни асосӣ ва ҳам бо Кодекси гражданӣ мувофиқ кардем. Ва шаклҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятиро мушаххас кардем: ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ. Инҳо на танҳо дар марказ ва шаҳрҳои бузург балки дар вилоёт, навоҳӣ ва рустоҳо бо номҳои ташкилотҳои деҳотӣ ва кумитаҳои маҳалла созмон дода шудаанд, ки мавҷудият ва фаъолияти онҳо бояд дар чаҳорчӯби қонун ба танзим дароварда шавад. Дар воқеъ инҳо ниҳодҳое ҳастанд, ки таври маснуъӣ ба вуҷуд наомадаанд. Онҳо таври табиӣ ташкил шуда ва мардум ҷиҳти ҳалли баъзе аз зарурият ва мушкилоти имрӯзаи ҷомиа дар ин иттиҳодияҳо даври ҳам омадаанд. Аз ин хотир мебоист ҳамаи ин чизҳо дар қонун инъикос меёфт.

- Қонуне, ки ҳоло қабул гардид чӣ фарқиятҳое бо қонуни қаблӣ дорад?

- Он гуна, ки гуфтам, дар қонуни нав шаклҳои ҳуқуқии ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зикр шудааст. Аммо бояд гуфт, ки миёни ин ду қонун фарқияти зиёд вуҷуд надорад. Мо дар қонуни нав баъзе аз сабукиҳоро ҷиҳати таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зикр кардем. Мисол дар қонуни пештара низ оварда шуда буд, ки иттиҳодияи ҷамъиятиро аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорати адлия ба қайди давлатӣ мегирад. Қаблан, дар сурати дархост барои таҳқиқ ва тафтиш аз тарафи мақомот аз ҷумла вазорати адлия ё додситонии кулл иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувазаф буд, дар давоми даҳ рӯз посух гӯяд. Ҳоло ин мӯҳлат ба як моҳ тамдид карда шуд. Аз тарафи дигар ҳама тафтишот ва бозрасиҳое, ки аз тарафи ин вазорат ё додситонӣ нисбати иттиҳодияи ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад, танҳо баъди тай кардани марҳалаи додгоҳӣ он мавриди иҷро қарор мегирад. Яъне танҳо додгоҳ метавонад фаъолияти ин ё он иттиҳодияи ҷамъиятиро мутавақиф кунад. Ё ин ки тобеъият ё ҳамкории иттиҳодияи ҷамъитиро барои мисол бо кадом созмони террористӣ ё мамнӯъ фақат додгоҳ муайян мекунад. Агар ки қонуни иттиҳодияҳои ҷамъияти Русиро барои муқоиса бигирем, ҳам вазорати адлия ва ҳам додситони кул ҳуқуқи боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятро ба муҳлати то се моҳро доранд. Дар мо бошад такрор ҳам шавад мегӯям, ки аз чунин ҳаққ танҳо додгоҳ бархурдор асту халос. Дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳуқуқи мудохила кардан бо кори иттиҳодияи ҷамъиятиро надоранд. Дар лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз тарафи ҳукумат пешниҳод шуда буд, номи ин қонун ҳамчун қонун дар бораи ташкилотҳои ( иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ зикр шуда буд, ки мо ба чунин қарор омадем, ки ҳоҷат бар навиштани калимаи ташкилот нест ва онро аз матни номи қонун ҳазф кардем.

- Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки таҳия ва қабули ин қонун баъд аз вуқӯи инқилобҳои рангин дар кишварҳои Укроин, Гурҷистон ва Қирғизистон сурат гирифтааст, ки дар ин кишварҳо созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳамкорӣ ва ё ширкат дар роҳандозии ҳаводиси мазкур айбдор карда шуданд. Махсусан баъд аз ҳаводиси моҳи майи Андиҷон, ки мақомоти Ӯзбакистон фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таҳти контроли шадид гирифта маҳдудиятҳое барои онҳо ҷорӣ кардаанд.

- Комилан не. Ҳеҷ гуна алоқа надорад. Ин кори дохилии ҳар як давлат аст. Чӣ Русия бошад, чӣ Украина бошад, чӣ Гурҷистон ё чӣ Қирғизистон бошад. Қонуни таҳия ва қабулкардаи мо дар заминаи Қонуни асосӣ ва бо назардошти шароит ва вазъияти имрӯзаи кишвар анҷом гирифтааст. Ҳаводисе, ки дар Қирғизистон - кишвари ҳамсояи мо шудан дорад, инҳо ҳодисаҳое ҳастанд, ки солҳои 91-92-и асри гузашта аз сари мо гузаштаанд. Ва мо ҳеҷ гуна таҳдид ва хатареро аз такрори ин ҳаводис дар кишвари худ надорем. Зеро ҷомиаи мо дигар тавон ва таҳаммули ин гуна инқилобҳоро надорад. Мо натиҷаи онро дидаем. Ҳоло мардуми кишвар бо хушиву хурсандӣ рӯзгор ва зиндагиашро дар шароити сулҳу оромӣ сипарӣ мекунад. Ва принсипи асосие, ки давлати мо пеш гирифтааст ва президенти мамалакати мо Эмомалӣ Раҳмонов борҳо онро эълом доштааст, принсипи дарҳои кушода аст. Яъне давлатҳое, ки мехоҳанд (на танҳо ҳамсоягон) бо мо ҳамкорӣ ва дӯстӣ дошта бошанд биоянд сармояи худро бигузоранд ва барои равнақу ривоҷи ояндаи Тоҷикистон саҳм бигузоранд.
Имрӯз се ҳазору панҷоҳ иттиҳодияи ҷамъиятӣ расман дар вазорати адлия сабти ном шудаанд. Порсол, агар паёми президентро дар хотир дошта бошед ин рақам 2750 буд. Яъне теъдоди ин созмонҳо бештар шудааст ва онҳо аз қайди давлатӣ мегузаранд. Фикр мекунам, агар баъзе аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мехоҳанд айбе дар қонун пайдо бикунанд ва онро дар ҷустуҷӯ ҳастанд, вале ин корро бо кадом аҳдоф анҷом медода бошанд, ман намедонам , лекин мо дар ҷустуҷӯи ягон роҳе, ки фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маҳдуд бисозад, нестем ва ин кор дар фикру андешаи мо ҳам нест. Қонуне, ки аз тарафи порлумон ба тасвиб расид, ягон маҳдудият барои ворид шудани маблағҳоро пешбинӣ намекунад.


- Дарвоқеъ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ширкати сармоя ва кӯмаки хориҷӣ, атбои кишварҳои дигар ва ё иттиҳодияҳои байналмилалӣ дар таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар қонун чӣ гуна инъикос ёфтааст?

- Мехоҳам барои рӯшан ва дақиқ кардани посух аз худи қонун иқтибос орам, ки дар моддаҳои 38 ва 39 омадааст, ки гуфта шудааст, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон тибқи ойинномаи худ метавонанд ба ташкилотҳои байналмилалӣ шомил гардида ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ба мақомоти ин ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалиро мувофиқро ба даст оранд. Алоқаву робитаҳои мустаҳками байналмилалиро ба роҳ монда бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии хориҷӣ созишномаҳо банданд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон метавонад дар давлатҳои хориҷӣ ҳам дар асоси асноди байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Тоҷикистон намояндагии худро дар дигар давлатҳо дошта бошанд. Фақат мувофиқи моддаи 39 фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ғайриҳукуматии давлатҳои хориҷа дар қаламрави Тоҷикистон оварда шудааст, ки акредитатсияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, яъне ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии давлати хориҷӣ инчунин филиал ва намояндагии онҳоро , ки дар Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон анҷом медиҳад. Тартиби акредитатсияи мазкурро вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон муайян менамояд. Яъне, ки баъд аз он ки шаҳрвандони хориҷӣ акредитатсия мегиранд ё ин ки доим дар Тоҷикистон иқомат дошта бошанд онҳо ҳуқуқи аъзо, иштирокчӣ ё муассис буданро доранд. Онҳо баъд аз акредитатсия гирифтан метавонанд, ки дар вазорати адлияи Тоҷикистон ба мисли ҳамагуна иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунанда дар Тоҷикистон метавонанд аз қайд гузашта фаъолият баранд. Боз як чизи дигарро таъкид кардан мехоҳам, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бар асоси ин қонун дигарбора аз қайд мегузаранд аз пардохти боҷи давлатӣ озод ҳастанд. Дар лоиҳаи пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати қайди такрори то якуми июл пешбинӣ шуда буд аммо вакилон ба чунин хулоса омаданд, ки ин мӯҳлат то аввали сентябр тамдид карда шавад. Як нуктаро қайд карданам зарур аст, ки на ҳама иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки сабти ном шудаанд фаъол ҳастанд ва амал мекунанд. Зиёда аз якуним ҳазори онҳо амал намекунанд. Мо ҳамеша назар бар он мекунем, ки чӣ гуна қонун қабул мешавад. Вале чаро мо ба дигар паҳлуи масъала яъне ба он ки имрӯз ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чи гуна амал мекунанд , назар намекунем. Оё ягон иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъқиб шуд? Ё ки ягон иттиҳодияи ҷамъиятӣ маблағаш ба зарурат истифода нашуд? Ё ки аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон нисбати онҳо дар ҳақиқат ҳам назорат пурзӯр карда шуд? Не! Албатта, не! Як мисол меорам, бисёр таклифу пешниҳодҳо аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба мо ворид шуданд. Мутаассифона, аз ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон дар ин робита ягон таклифу пешниҳод ворид нашуд. Дар муддати як сол. Дар тамоми телевизиону радиову газетаҳову интернет иттилоъ чоп шуд, ки ҳоло дар порлумон қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор дорад ва имрӯз пагоҳ қабул мешавад. Ҳам сиёсати дарҳои кушодаи раҳбари давлат ва ҳам қабул шудани қонуни мазкур барои кушода шудани дарҳои мо барои тамоми иттиҳодия, ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ шароит фароҳам кардааст. Вақте ки дар атрофи фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гап ё маҳдудияте аз тарафи ҷомиа ё ҳукумат пайдо шавад он гоҳ онҳо метавонад аз тариқи муроҷиат ба додгоҳ онҳо метавонанд худро дар асоси ин қонун ҳимоя ва ҳифз кунанд. Дар лоиҳаи қаблӣ таъкид шуда буд, ки вазорати адлия ҳуқуқи дар ҳамаи маъракаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фиристодани намояндаи худ ва иштирокро дорад. Аммо бар асоси қонуни қабулшуда вазорати адлия танҳо дар маъракаҳои оммавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонад иштирок кунад. Агар пештар вазорат ё додситонии кулл аз онҳо метавонист ҳисоботро барои як сол ё ду сол ё се сол иловагӣ талаб кунад ҳоло бошад ин ниҳодҳо танҳо гузориш метавонад бигиранд, агар баёноте дар бораи фаъолияти ин иттиҳодияҳо пайдо шавад.

- Аммо дар қонун таъкид мешавад, ки вазорати адлия ҳар вақт ки хост санади расмӣ ё санади амрдиҳӣ ё дигар намуд санадҳои ин иттиҳодияҳоро гирифта тафтиш мекунад ва ҳар вақт бихоҳад дар ҷаласаҳои онҳо ширкат мекунад. Аммо инро намояндагони иттиҳодияҳо як навъи мудохила ва фишор арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки дар ҳузури як нафари мансабдор фикру андешаи худро аъзои ин иттиҳодияҳо баён карда наметавонанд?

- Дар давоми сол агар нисбати иттиҳодияи ҷамъиятӣ ягон шикоят ё камбудӣ пеш ояд, вазорати адлия ва додситонӣ метавонад аз онҳо гузориш талаб кунанд. Аммо дар тарҳи қаблӣ талаби ҳатмии ҳисоботи семоҳа ё солона пешбинӣ шуда буд. Вале дар қонуни қабулшуда гузориш талаб мешавад, ки онро бо хоҳиши худаш иттиҳодияи ҷамъиятӣ пешниҳод менамояд.
Муносибати иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо идораи молиёт чӣ тавр муайян шудааст. Гуфта мешавад, ки идораи андоз низ аз онҳо ҳисобот мегирад ва сарчашмаҳои моливу маболиғро мавриди тафтиш қарор медиҳад ва гӯё дар қонуни нав ин масъала шиддатнок шудааст. Дар тамоми давлатҳои демократӣ муносибати дилхоҳ ташкилот бо идораи андоз мураккаб аст. Барои он ки андозсупоранда дар назди андозгиранда ҷавобгарӣ дорад. Мо дар қонун баён кардем, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ моликият доранд, биноҳо доранд, иморат, иншоотҳо доранд, фонди манзил, нақлиёт, таҷҳизот асбобу анҷом, амволи таъинотӣ маданиву маърифатӣ ва ҳоказо доранд. Ва инчунин бояд қайд кунам, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи қонуни нав қабулкардашуда ҳуқуқи ба соҳибкорӣ машғул шуданро доранд. Ба соҳибкорӣ вақте машғул мешавад табиист, ки фаъолияти онҳо аз тарафи идораи андоз назорат мешавад. Мо ки ин функсияро барои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба кадом ниҳоди қудратии дигар нагузотаем. Вай идораи андоз аст, ки бояд кори худашро ба анҷом бирасонад. Ва маблағҳое, ки аз ҳисоби соҳибкорӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба даст меоранд бояд , ки дар доираи аҳдофи оинномавӣ масраф бишавад. Назорати давлатӣ назорати давлатист ва ман мутмаинам, ки он ба зарари касе анҷом намешавад.


- Як нафар соҳиби созмони ғайридавлатӣ гуфт, ки ман грант мегирам ва масрафоту хароҷотамро ба грантдеҳ -ҳамон созмоне, ки ин маблағро дастрас кардааст, гузориш медиҳам, ки ин маболиғ чӣ тавр харҷ шуд. Яъне агар идораи молиёт ҳам инро бипурсад, кори мо дучори мушкилӣ мешавад. Вай бар ин мавқеъ аст, ки идораи андоз бояд аз ӯ бипурсад, ки андози давлатро аз ин маблағ супоридааст ё не? Вале мегӯяд вай, агар идораи андоз бипурсад, ки маблағҳо аз куҷо пайдо шудаанд ва чи гуна харҷ шудаанд ин як навъи фишор ва мудохила ба кор хоҳад буд.

- Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки ба суратҳисоби иттиҳодияи ҷамъиятӣ мабодо як миллион ,ду миллион, панҷ миллион даҳ миллион доллар ворид шавад бояд ҳеҷ кас напурсад, ки ин маблағ аз куҷо ворид шудааст? Ман инашро фаҳмида наметавонам. Моддаи алоҳида дар қонун ҳаст. Фаъолияти соҳибкории иттиҳодияи ҷамъиятӣ. Молу мулк дорад иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Инҳо ҳамаашон молу мулк дошта бошанд андози онҳоро супоридан зарур аст? Ҳаст! Агар вай ба соҳибкорӣ машғул шуда бошад барои муайян кардани маблағи ба дастомада, ки оё бо мақсадҳои оинномавӣ харҷ шудааст ё ба ягон каси алоҳида , кӣ бояд назорат барад? Албатта нозироти андоз ин корро анҷом медиҳад. Ва агар фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ шаффофу дар доираи қонун бошад чаро аз ин санҷиш нигарон бишавад?

- Оё созмонҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонанд нашрия ё маҷалла дошта бошанд? Ва агар нашрия доштан хоҳанд бояд онҳоро ҳам сабти ном кард дар вазорати адлия?

- Ҳуқуқ доранд. Мувофиқи қонуне, ки дар мо ҳаст ҳам телевизиону ҳам радиову газета ва маҷалла метавонанд дошта бошанд. Албатта инро боз қонунгузори кишвар муайян мекунад. Агар дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ин нукта низ зикр шуда бошад, онҳо ҳақ доранд. Албатта онҳо бояд ин нашрияҳо сабт шаванд ё агар радио ва телевизион бошад муҷаввиз дарёфт кунанд , дар асоси қонунҳои мавҷудаи кишвар.
XS
SM
MD
LG