Пайвандҳои дастрасӣ

Шайх Сайид Тантавӣ меҳмони Поп Бенедикти 16 мегардад


УХ

Ватикан таъйид карда,ки Муҳаммад Сайид Тантавӣ, шайхи масҷиди Ал-Азҳари Коҳира - яке аз раҳбарони бонуфузи ҷаҳони ислом даъвати Поп Бенедикти 16- ро барои боздид аз Рум пазируфтааст. Аммо дар ҳамин ҳол гуфта мешавад то ҳанӯз таърихи сафари Муҳаммад Сайид Тантавӣ - шайхи масҷиди Ал-Азҳари Коҳира ба Итолиё мушаххас эълом нашудааст. Баъди аз он, ки моҳи сентябри соли гузашта як изҳороти Попи Рум хашми ҷаҳони Исломро барангехт, Бенедикти 16 дар андешаи тармими равобити тирагаштаи худ бо ҷаҳони ислом шудааст. Ҳудуди яку ним моҳ қабл Поп Бенедикти 16 бо ин ҳадаф аз Туркия боздид ба амал оварда буд.
XS
SM
MD
LG