Пайвандҳои дастрасӣ

«The Sun»: Оғози хуруҷи низомиёни англис аз Ироқ


УХ

Тибқи гузоришҳои расонаҳои хабарии Бритониё интизор меравад, ки Тони Блэр нахуствазири ин кишвар оид ба таъини ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳои бритониёӣ аз хоки Ироқ изҳорот пахш кунад. Ин дар ҳолест,ки ин хабарҳоро маъмурияти нахуст вазири Бритониё тасдик накардааст. Тибқи иттилои ББС ва нашрияи англисизабони "The Sun" рӯзи чоршанбе нахуст вазир Блэр дар баробари парлумони ин кишвар хоҳад гуфт, ки ҳафтаҳои наздик яку ним ҳазор нирӯҳои бритониёӣ хоки Ироқро тарк хоҳанд кард. Феълан Бритониё дар Ироқ 7000 сарбозу афсари худро нигоҳ медорад
XS
SM
MD
LG