Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз барномаи қарзи Сандуқи байналмилалии асъор хориҷ шуд


УХ

Ҳукумати нави Қирғизистон аз ширкат дар тарҳи байналмилалии кӯмак ба баъзе кишварҳои нодортарини ҷаҳон дар муқобила бо қарзҳояшон даст кашид. Дар Қирғизистон солҳост оид ба ин барномаи Сандуқи Байналмилаии асъор баҳсу мунозираҳои шадид идома доранд. Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аз нахуствазири кишвараш хост, ки ба зудтарин фурсат стратегияи муқобила бо қарзҳои давлатиро таҳия намояд, ки он ба қавли раиси ҷумҳур, тавонад масъалаи узвияти Бишкек дар барномаи шадидтарин кишварҳои қарздори Сандуқи байналмилалии пулро ба мавқеи дуюм бубарад. Боқиев, зимни муроҷиат ба ҳайати ҳукумат гуфт, ки вазирони давлатӣ бояд мунозираҳову хархашаҳои сиёсиро канор гузошта дар фикри ҳалли қарзҳои Қирғизистон шаванд. Ӯ гуфт: "Камиссиюни вижаи иборат аз шаш узв ба чунин қарор расид, ки ташаббуси мазкур бештар асари манфӣ хоҳад дошт, то мусбат. Ба фикри ман далелҳо муътамад буданд. Ҳукумат як ниҳоди дастаҷамъона аст, аз ин рӯ, хуб мешуд, агар ин масъалаҳо на бар асоси тасмими шахсӣ, балки бар асоси як қарори умумии ҳукуматӣ гирифта шавад".
Тасмими ҳукумат дафъатан мавриди танқиди вазири молия Олтинбек Ҷабборов қарор гирифт, ки гуфт, Сандуқи байналмилалии пул беҳтарин пешниҳодро барои бахшиши қариб нисфи қарзи 2 миллиард доллараи Қирғизистон пеш гузоштааст.
XS
SM
MD
LG