Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии НАНСМИТ аз таъқиби хабарнигори тоҷик


НАНСМИТ - Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз таъқиб шудани хабарнигори мустақил Аҳмад Иброҳим тавассути як соҳибмақом дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ намудааст. Бино ба иттилоъи Анҷумани миллии хабарнигорони мустақили Тоҷикистон якуми феврали соли равон дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон», чопи Душанбе навиштае аз хабарнигор Аҳмади Иброҳим ба нашр расида буд, ки дар он рузноманигор доир ба вуҷуди мушкилоти фаровон дар кори хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб изҳори назар кардааст. Нансмит гуфтааст дар ин замина Хайрулло Назриев, сардори хадамоти оташнишонии Хатлон тариқи телефон ба хабарнигор таҳдид кардааст ки: «Оё Аҳмади Иброҳим медонад, ки Назриев бо ӯ чӣ метавонад бикунад?». Бино ба хабари НАНСМИТ дар пайи дарёфти ин таҳдид хабарнигор бо Назриев вориди баҳс нашуда, ӯро барои рӯшан шудани масъала ба дафтари корияш даъват кардааст.
Мавзӯъи таҳдиди хабарнигорон ва эҷоди мавонеъ дар фаъолияти онҳо ба эътиқоди бештари гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон аз мушкилоти маъмулии расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар чанд соли охир боқӣ мондааст.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG