Пайвандҳои дастрасӣ

Қонунҳои (нонавишта)-и кор


Муносибатҳои миёни корфармо ва корманд дар Тоҷикистон тибқи қонуни меҳнат ва чанд корпояи, ба истилоҳ зерқонунӣ, танзим мешаванд. Аммо чанд қонуни нонавишта низ дар ташаккул ва таҳаввули ин муносибатҳо нақши бунёдӣ дорад. Аз ҷумла қонуни, ба истилоҳ камбуди ҷойи кор, ки солҳост, қатъи назар аз хости ҳукумат ё мардум дар ҳоли иҷрост. Бекорон зиёданд, ҷои кор кам ва кордиҳанда бо ишора ба ин ҳол худаш шоҳу табъаш вазир асту корманд бо идроки ин ҳол, аз об ҳам хомӯштару аз алаф ҳам пасттар.

Қонуни, ба истилоҳ дигар, низоми иқтисодиёти сармоядорӣ ва озодиҳои бахши хусусии иқтисодиёт аст, ки аксаран аз тарафи мудирони ҳаваскор ва бетаҷриба идора шуда, берун аз назорати воқеист.
Ва қонуни қадимию ислоҳнашвандаи бетаваҷҷӯҳии мардум ба ҳуқуқи худ, надонистани ин ҳуқуқ, ҳокимпарастӣ ва танбалӣ, тарс ва гурез аз мубориза.

Қонуни дигар, тибқи натиҷаҳои омӯзиши муносибатҳои корфармо ва коргар дар Тоҷикистон, қонуни номутобиқатии музди кор бо ҳаҷми кор аст. Агар дар гузашта моҳонаи омӯзгор як мақоми вижа ва арҷманди ӯро дар ҷомеа таъмин мекард, ҳоло бенавотарин шахсро "муаллим" хитоб мекунанд. Нависандаи тоҷик Баҳманёр менависад, ҷомеа акнун ба ду қисмат аст, раисон ва муаллимон. Бечора раисон низ аз камбуди моҳона меноланд ва мегӯянд, ба ҳамин сабаб аст, ки гаҳгоҳе чанголи худро боз мекунанд, то касе барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба ин чангол чизаке бигузоранд. Бар изофаи муаллимон ва як бахше аз пизишкон, боз занон, донишҷӯёни коргар ва мактабиёну наврасон осебпазиртарин қишри ҷомеа шумурда мешаванд. Дигар кӣ монд? Аҷабо, осебнопазирҳо кистанд?

Пеш аз таҳияи ин барнома дар сомонаи интернетии мо пурсише пайдо шуд, ки оё муносибат ба шумо дар коргоҳ чигунааст ва оё шоҳид ё ҳадафи тамоюле ба номи буққагарӣ тарҷумаи тоҷикии булйиинг шудаед. Посухҳои гуногун омад, аммо пайвандгари онҳо ин буд, ки чорае дар баробари чунин падидаҳо нест ба ҷуз аз тарки чунин коргоҳ.
Омӯзиши ҷанбаъҳои сиёсию иҷтимоӣ ва равоншиносию фарҳангшиносии падидаи буққагарӣ нишон дод, ки он дар Тоҷикистон сари ҳар қадам вомехӯрад. Вале боз як падидаи дигаре мавҷуд аст, бо номи мобинг ва ё гурӯҳбозӣ, ки акнун бештар хоси кишварҳои ғарбист.
Истилоҳи буқагарӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хубӣ ошност. Чанде пеш ҳамкорам Тоҳири Сафар аввалин бор ин истилоҳро рӯи сафҳаи интернет овард ва мо ҳайрон будем, оё вожаи халқӣ мақбул хоҳад буд ё на. Хулоса, ин истилоҳ дар Тоҷикистон машҳур аст, вале мобинг ё гурӯҳбозӣ чандон ошно нест, ҳарчанд худи падида зиёд мушоҳида мешавад.
Биноан, пурсиши аввали ман аз хонум Кети Рейнс, мутахассиси танзими захираҳои башарӣ, ин буд, ки оё мобинг чӣ маънӣ дорад?

"Бо истилоҳи "мобинг" ман дар таҷрибаи худ рӯбарӯ нашудаам, вале маънияшро мефаҳмам. Ин ҳолатест, ки як корманд дар коргоҳ ба навъе каноргузорӣ мешавад. Бар пояи коре ки воқеан кардааст ва ё гумон меравад, кардаст. Бақияи кормандон бо ӯ муносибати пешинаро қатъ мекунанд. Гурӯҳ ӯро аз худ ҷудо мекунад ба навъе ки бисёр бад ва нороҳаткунанда аст."

Киҳо, чанднафарӣ вориди ин ҳолат мешаванд ва бо кадом сабабҳо?

"Ин ҳолат метавонад, дар байни як шахс ва шахси дигар иттифоқ афтад. Ва ё аз тарафи ҳама бар зидди як нафар. Ва ё аз тарафи раҳбар нисбати коргар. Як тарафи нирӯманд ва як тарафи камнирӯ. Вақте гурӯҳ зидди як нафар аст, ин гурӯҳ метавонад, аз ду шахс ва ё аз ашхоси зиёд иборат бошад. Яъне як таърифи муайян надорад, ки байни дақиқан чанд нафар ба вуқӯъ мепайвандад."

Оё ҳадаф ё қурбонии ин падида чигуна баргузида мешавад?

"Интихоби қурбонӣ метавонад ба шароити муайян бастагӣ дошта бошад. Ва гуфтан душвор аст, ки чаро дар ин шароит маҳз ин шахс ҳадаф қарор гирифт, на дар шароити дигар. Ва одатан ин ҳолат ба муносибати миёни афрод бастагӣ дорад. Шароит гуногун мешавад. Дар як ҳолат як рафтор аз тарафи як шахс қобили қабул мешавад, дар ҳолати дигар на. Таъини меъёрҳо бисёр мушкил аст."

Ман дар интернет хондам, ки ё қавитарин корманд аз рӯи рашку ҳасудж ҳадаф мешавад ва ё заъифтарин корманд, ба далели осонии ҳадаф. Фикри шумо чист?

"Ба фикрам, ҳатмӣ нест, ки заъифтарин корманд ҳадафгирӣ шавад. Шояд як шахси қавӣ бо дигар шахси қавӣ аз рӯи рашк ва сабқат низ ба чунин ҳолат афтанд. Он гоҳ заъифтаринҳо метавонанд зидди қавитарини худ сафороӣ кунанд. Аз сӯи дигар ин ҳолат ба фарҳангҳо ва имкониятҳои як коргоҳи мушаххас бастагӣ дорад. Масалан, дар фарҳангҳое ки мардум чунин, ба истилоҳ "буққагариро" дӯст намедоранд, хеле зуд бо иродаи ағлаб ин ҳолат қатъ мегардад. Ё раҳбар касест, ки намегузорад, чунин ҳодиса идома ёбад. Ва ё гурӯҳи боқимондаи кормандон ба он хотима мегузоранд. Аммо агар фарҳанги кор ба гунаи дигар бошад, ҳатто як ҳодисаи кӯчак ҳам метавонад, тадриҷан бузургу бузургтар шавад. Аз нигоҳи ман, ки як дидгоҳи амрикоист, муҳити кор хеле муҳим аст, ки оё он ба "буққагарӣ" ё гурӯҳбозӣ иҷоза медиҳад, беандоза бузург шавад ва ё касе ҳаст, ки қодир ва хоҳони қатъи он аст, қабл аз он ки беандоза бузург шавад."

Вале оё чигуна мешавад, аз чунин падидаҳои манфур ҷилавгирӣ кард? Роҳи ҳал чист?

"Барои ман ин муҳимтарин суол аст, зеро тарк кардани коргоҳ набояд нахустин қадами касе бошад. Ба фикри ман, чанд кори дигаре ҳаст, ки кас бояд пеш аз тасмими тарки коргоҳ онҳоро имтиҳон кунад. Қадами аввал бояд ин бошад, ки кас нахуст ба худ нигоҳ кунад ва бубинад, оё худи ӯ ба чунин вазъият чӣ дастак ё сабабе додааст. Ин осонтарин қадам аст. Қадами баъдӣ ин аст, ки ӯ бояд аз як ҳамкори воқеан боварбахши худ бипурсад, оё сабаби ҳодиса ва масъулияти шахси ӯ дар он чист. Агар посух манфӣ буд, бояд бо раҳбари худ сӯҳбат кунад ва агар ин раҳбар чизеро шунидан нахост ва ё коре накард, ба раҳбари раҳбар рӯ оварад ва ё ба бахши захираҳои башарӣ. Дар бисёр ҳолатҳо худи афрод метавонанд, сабабгори ин ҳолат бошанд ва зарур нахоҳад буд дар ин дигаронро гунаҳкор кунанд. Ба ин тартиб, қадами баъдӣ ҳалли мушкил бо кӯмаки афроди дигар буда метавонад."

Дар бархе аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ қонуни зидди буқагарӣ ва гурӯҳбозӣ дар коргоҳ мавҷуд аст. Оё дар Амрико чунин қонун вуҷуд дорад?

"То ҷое ки ман медонам, қонуни кайфарие дар ин росто вуҷуд надорад. Аммо бисёре аз коргоҳҳои миёна ва бузург қоидаҳои ҳифзи муҳити неки кор доранд. Дар онҳо ҳамлаҳои ҷисмонӣ, шифоҳӣ ва ҷинсӣ маҳкум ва муҷозот мешаванд. "Буққагарӣ" ё гурӯҳбозӣ метавонад, аз қабили чунин ҳамлаҳо дониста ва муҷозот шавад. Инчунин иттиҳодияҳои касбӣ метавонанд, арзи чунин кормандонро бишнаванд ва дар ҳалли мушкил кӯмак кунанд. Дар дохили ҳар ширкат Бахши захираҳои башарӣ мавҷуд аст, ки бояд чунин баҳсҳоро ҳал кунад. Бо роҳи пурсишҳои зиёд аз корманд, раҳбар ва дигар кормандон, то муайян кунад, ки ҳодиса чист."

Ташаккур, хонуми Кети Рейнс, мутахассиси умури захираҳои башарӣ ва хулоса ин аст, ки танҳо фарҳанги баланди кор метавонад, аз чунин падидаҳо ҷилавгирӣ кунад. Аммо фарҳангро дар навбати худ қонунҳо батадриҷ бунёд мекунанд.

Аз кормандони камҳуқуқи Тоҷикистон сӯҳбат кардем, вале коргоҳи садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар берун аз кишвар аст ва як бахши дигари коргарони мамлакатро наврасон ва мактабиён ташкил медиҳанд, ҳамаи инҳо мавсимӣ. Дар мавсими муҳоҷират ва дар мавсими пахтачинӣ ё корҳое бемузди ҳашаракӣ. Ҳуқуқи онҳоро кӣ ҳимоя мекунад? Ин ҳам дар ҳоле ки худи онҳо менависанд, чора нест, моро дурушту зишт ҳам мегӯянд, латукӯб ҳам мекунанд, чи илоҷ дар кишвари бегонаем...
XS
SM
MD
LG