Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои хабарӣ. Ҳама норозӣ?


Хабарнигорону ходимони анҷуманҳои журналистии Тоҷикистон бо баррасиии нишастҳои хабарие, ки аз ҷониби вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ҳар се моҳ баргузор мешаванд, ба ин натиҷа расидаанд, ки ин пресс-конфронсҳо бештар ба як гузориши расмии масъули вазорат табдил ёфта, масоили аслӣ ва мавриди таваҷҷӯҳ бидуни посух мемонад. Ва бархеи дигар аз хабарнигорон дар мавриди наҳваи баргузории нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатӣ изҳори норозигӣ мекунанд, аммо хадамоти матбуотии ниҳодҳои расмиро сатҳи омодагии журналистон қонеъ намесозад.

Ҷумъахон Наботов, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳур гуфт, мушоҳада шудааст, ки иддае аз мақомоти аввали ниҳодҳои давлатӣ аз ширкат дар нишастҳои хабарӣ худдорӣ меварзанд, ба сурати лозим онро баргузор намекунанд, аммо хабарнигорон низ аз ҷараёни ин нишастҳо маълумоти носаҳеҳро интишор менамоянд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, бо ин вуҷуд ки аксари кулли хабарнигорон аз баргузории нишастҳои хабарии мақомот истиқбол мекунанд, аммо онҳо аз бархӯрди номақбули иддае аз мақомот бо журналистон шикоят доранд:

«Мутаассифона, на ҳамаи расонаҳои хабарӣ ба нишастҳои матбуотӣ даъват мешаванд, яъне тафриқаандозӣ мешавад миёни расонаҳои давлатию ғайридавлатӣ. Ҳамчунин мутаассифона, дар фаъолияти ҳамарӯза мо ба ин фактҳо дучор мегардем, ки масъулини хадамоти матбуотӣ ҳангоми ҷавоб додан ба дархостҳои рӯзноманигорон ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Яъне ба умеди ин нишастҳои кварталии хабарӣ шуда, кори ҳаррӯзаи худ пешниҳоди иттилоъро фаромӯш мекунанд».

Ва аммо Дӯстмурод Забиров, намояндаи хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ бар ин назар аст, ки бархе аз тақозоҳои хабарнигорон ноҷост ва наҳваи баргузории нишасти хабарӣ, алалхусус дар ин ниҳод, ба таҷдиди назар ниёз надорад:

«Ҳолате мешавад, ки ҳамин маълумоти пурсидашударо ҷамъбаст кардан, яъне дар ҳамин доира сӯҳбат кардан бисёр мушкил аст, масъала васеъ аст ва мо мегӯем, ки дар нишасти хабарии навбатӣ ин саволатонро пешниҳод кунед ва возеҳтару равшантар, муфассал посух мегиред. Инчунин журналистон дархост мекунанд, ки як ҳафта пеш пресс-релиз омода ва ба онҳо пешниҳод шавад, то онҳо саволҳои худро омода созанд, аммо фикр мекунам, ин дархост начандон дуруст аст, ҳамон рӯзи нишасти хабарӣ маълумотномаро пешниҳод ҳам кунем, журналистон вақт меёбанд, савол тайёр кунанд».

Вале Саидхӯҷа Сангаков, сухангӯи Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯяд, баъзе мақомот иттилоъи аз лиҳози қонун мамнӯъро пешниҳод мекунанд, ки ҷоиз нест. Ба гуфтаи ӯ, баъзан Додситонии кулл, Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти дигари қудратӣ аз боздошти муттаҳамон хабарҳо пахш мекунанд, дар ҳоле ки ҳанӯз гуноҳи онҳо собит нашудааст. Ва боз, мегӯяд Сангаков, хабарнигорон низ баъзан қонун «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф»-ро нақз мекунанд, яъне қабл аз нашри мусоҳаба ё маълумоти аз мусоҳиб гирифташуда, онро ба муаллифаш нишон намедиҳанд.

Бо ин вуҷуд марокизи матбуотии вазорату кумитаҳои давлатӣ ҳамагӣ аз кори худ пуштибонӣ мекунанд. Мегӯянд, бархӯрдҳои муносиб ва мувофиқ бо хабарнигорон доранд ва саволҳои онҳо тақрибан бепосух намемонад. Гузашта аз ин, онҳо аз кору пайкори худи хабарнигорон изҳори норозигӣ мекунанд. Аваз Юлдошев, сухангӯи Ожонси назорат бар маводди мухаддири назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон:

«Аксари рӯзноманигороне, ки ба нишастҳои матбуотӣ ҳозир мешаванд, аз мавзӯе, ки дар ин нишастҳо матраҳ мегардад, фарсахҳо дуранд, худ он мавзӯъро намедонанд, баъдан пас аз баргузории пресс-конфронсҳо чунин рӯзноманигорон дар нашрияҳо, садову симо рақамҳои начандон дақиқ, ҳатто баъзан номи вазорат ё идорае, ки онҳо дар конфронси матбуотии он ҷо иштирок доштанд, дуруст наменависанд, номбар намекунанд».

Вале Сайраҳмон Назриев, хабарнигори ожонси иттилоотии Азия плюс дар Қурғонтеппа мегӯяд, тақсимбандии нишастҳои матбуотӣ дар Хатлон низ қобили пазириш нест ва тавре муқаррар мешаванд, ки на ҳама хабарнигорон дар он ширкат варзида метавонанд:

«Шароитҳое, ки намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ дар вилояти Хатлон доранд, ба эътибор гирифта намешаванд. Ин ҷо ҳар рӯз нишасти матбуотии чаҳор идораи вилоятӣ ва як-ду шаҳру ноҳияро баргузор мекунанд, ки мо наметавонем дар ҳамаи он ширкат варзем. Масалан, дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Бохтар ҳамагӣ се хабарнигор ширкат кард, аммо дар нишастҳои хабарии баъзе ноҳияҳо танҳо як хабарнигори моҳнома ё гоҳномаи ноҳиявӣ иштирок мекунаду халос. Ҳамин ҷо ҳам танҳо маърӯзахонӣ ҳаст, ба саволҳо на ҳамеша пурра ва қонеъкунанда посух медиҳанд. Пештар фактҳое, ки дар даст буд, ки баъзе идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилоят тамоман нишасти хабарӣ доир намекарданд».

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳур гуфтанд, иддаоҳои хабарнигорон ва хадамоти матбуотии ниҳодҳои давлатиро мавриди омӯзиш қарор дода, барои ҳалли ин масоил талош хоҳанд варзид.
XS
SM
MD
LG