Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтардуздон роҳҳои нав меҷӯянд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон як сокини Душанберо бо ҷурми даст доштан дар қочоқи духтарон ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ мегӯяд, ки Ибодатхон Меъроҷова аз соли 2001 ҳафт духтари ноболиғро ба кишварҳои арабӣ интиқол дода, дар ивази ҳар кадоми онҳо 10.000 долларӣ ба даст овардааст. Муфаттишон мегӯянд, ки дар ин кор ба Ибодатхон Меҳроҷова як корманди масъули идораи шиносномадиҳии шаҳри Қурғонтеппа ва як ширкати сайёҳӣ кӯмак кардаанд. Рамазон Атоев, намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ дар додситонии кулли Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд, як зани ҷабрдида аз Иморат чун ихроҷ мешавад, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада хабар медиҳад, ки ӯро Меҳроҷова Ибодатхон дар соли 2002 бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба Иморот равон кардааст. Дар он вақт ӯ 17 сола будааст ва дар шиноснома соли ӯро 30 сола нишон додаанд.

Коршинос Марям Давлатова мегӯяд, қочоқи духтарон бо ҳамкории гурӯҳҳои мухталиф сурат мегирад, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумрук, шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ ва ҳатто мақомоти кишварҳое, ки тавассути қаламрави он духтарон интиқол меёбанд, дар ин навъи ҷиноят даст доранд. Хонум Марям меафзояд, дар ин миён ғолибан танҳо миёнаравон боздошт меашванд ва гунаҳкорони асосӣ беҷазо мемонанд.

Ба назари коршиносон, сабаби аслии ба доми одамрабоён афтидани ҷавонон қашшоқӣ аст ва бенавоӣ Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои манбаъи қочоқи инсон табдил додааст.

Агарчӣ мақомот мегӯянд, ки барои муқобила бо қочоқи инсон муқаррароти нав ҷорӣ мекунанд аммо, қочоқбарони инсон роҳҳои навро барои анҷоми ин ҷиноят ба кор мебаранд. Ҳоло агар дарёфти раводид мушкил эҷод кунад, ҷавононро тариқи кишварҳои муштаракулманофеъ ба хориҷа мебурдаанд ва барои ба даст овардани эътимоди онҳо маблағи роҳкиро намегирифтаанд. Як роҳи дигари ба дом фикандани ноболиғон ба фарзандхонӣ гирифтани онҳо мебошад. Марям Давлатова:

"Як роҳи дигар никоҳ аст. Метавонанд ҳатто духтараки ноболиғро хостгорӣ кунанд ва баъди барпо кардани туй ба хориҷа бубаранд. Зеро дар баъзе кишварҳои исломӣ зан бе шавҳар сафар карда наметавонад."

Ба назари коршиносон, мушкили дигаре, ки боиси афзудани мавридҳои қочоқи инсон мешавад, фасодкорӣ дар идораҳои давлатӣ будааст, ки барои қонуншикании ҷиноятпешагон мусоидат мекунад. Тавсияи дигаре, ки коршиносон медиҳанд, таъмини ҷавонон бо ҷойи кори муносиб аст, зеро онҳо маҳз дар ҷустуҷуйи кор мавриди истисмор қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG