Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон иттиҳоми Узбакистонро рад намуд


Мақомоти Тоҷикистон иттиҳоми Хадамоти амниятии Ӯзбакистон дар мавриди афзоиши қочоқи мухаддир аз ин кишварро рад карданд. Аваз Юлдошев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бар маводи мухаддири нади раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, миёни ду кишвар созишномаи байнидавлатӣ мавҷуд аст, ки муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд ва як ҷониб ба ҷониби дигар иттилоъро расман пешниҳод мекунад. Вай афзуд, аммо истифода кардани омили маводи мухаддир ба хотири коҳиши обрӯи як кишвар рафтори ғайри қобили қабул ва созишномаи байни ду кишвар аст. Ӯ ҳамчунин афзуд, соли гузашта 16 шаҳрванди Ӯзбакистон бо қочоқи маводи мухаддир ва маводи радиоактивӣ - плутоний боздошт шуданд.


Қаблан, бо пахши як изҳорот Хадамоти амниятии Ӯзбакистон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир тариқи гузаргоҳи марзии Бекобод изҳори нигаронӣ намуд. Дар изҳорот омадааст, ки маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон ба Ӯзбакистон тариқи Тоҷикистон ворид мешавад.


Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ин ки қочоқи маводи мухаддири Афғонистон тавассути Тоҷикистон сурат мегирад ё Ӯзбекистон ҳарфи нав нест аммо сарусадои Ӯзбакистон дар мавриди афзоиши хатар аз Тоҷикистон, ба эҳтимоли қавӣ, ба он мавзӯъ вобаста аст, ки ин кишвар бо ҳар восита намехоҳад дар чаҳорчӯби созишномаҳои Иттиҳоди Авруосиё ё худ ЕврАзЕС марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон боз кунад.


Аваз Юлдошев, сухунгӯи Оҷонсии мубориза бар маводи мухаддири назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мушкили қочоқи мухаддир на тариқи изҳоротҳо, балки бо роҳи ҳамкорӣ ҳал мешавад, ки Тоҷикистон ба ин гуна мубориза бо ин хатари ҷаҳони муосир арҷ мегузорад.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG