Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуқуқи коркуни тоҷикро кӣ ҳимоя мекунад?


Қаҳрамон Мӯсобоев, як сокини 30- солаи шаҳри Хуҷанд, дар муҳоҷирати корӣ дар вилояти Волгогради Русия бар асари сармозанӣ аз қисмати аз зону поини ҳар ду пояш маҳрум шудааст. Қаҳрамон бадбахтии ба сараш омадаро бо ҷурми намояндагии хадамоти «Тоҷикхориҷакор» дар вилояти Суғд меҳисобад. Вай мегӯяд, ки бо миёнаравии намояндагии хадамоти «Тоҷикхориҷакор» ҳамроҳи як гурӯҳи корӣ комилан сиҳат дар баҳори соли 2004 ба Русия сафар кард. Аммо аз Русия маъюб баргашт:

«Даъвои ман ҳамин ки манро намояндаи «Тоҷикхориҷакор» дар Хуҷанд ҳамроҳи як гурӯҳи беш аз 100 нафараи корӣ ба Волгогради Русия бурда, баъди як моҳи кор ману се рафиқамро бо шиносномаамон ба як фермери рус фурӯхт. Мо то соати 12 - и шаб кор мекардем, аммо баъди ҷамъоварии ҳосил музди кори худро гирифта натавониста, бе як дирам пул дар кӯча мондем. Поҳову дастҳоямро хунук зад. Табибон ҳар ду поямро аз зону поин ва як ангушти дастамро бурида партофтанд. Ман ду фарзанди кӯдак дорам, аммо дар ин синну сол корношоями дараҷаи аввал шудам. Даъвои ман аз «Тоҷикхориҷакор» ҳамин ки ба ман зарари ҷисмониву маънавии кашидаамро ҷуброн кунад. Ман ба додгоҳ муроҷиат кардагӣ.»


Аз шурӯъи баррасии аризаи даъвоии Қаҳрамон Мӯсобоев наздики як сол сипарӣ мешавад, аммо додгоҳи Хуҷанд ҳанӯз ба ҳалли он муваффақ нашудааст. Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшинос мегӯяд, поймол шудани ҳуқуқи як коргар аз ҷониби кордиҳанда дар дохили Тоҷикистон низ ба як ҳодисаи маъмулӣ мубаддал шудааст. Ба гуфтаи вай, муносибатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кордиҳанда ва ё сарвари корхона нисбат ба коргари худ дар сари ҳар қадам ба мушоҳида мерасад. Аммо теъдоди хеле кам ба хотири барқарор кардани ҳуқуқи кории худ ба додгоҳ ё мақомоти дигар муроҷиат мекунанд. Хонум Ҷӯраева сабаби ин ҳолро чунин шарҳ медиҳад:

«Онҳо барои он ба додгоҳ муроҷиат намекунанд, ки корхонаҳо шахсӣ аст ва даъвои онҳо бефоида аст. Агар ҳатто ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва ба ҳалли он даст ёбанд ҳам, бозгашта назди ҳамон сардорашон ба кор бозмегарданд. Бинобар ҳамин онҳо ба ягон ҷо дар бораи ин ки масалан, сардори корхона онҳоро беасос аз кор рондааст, шикоят намебаранд.»

Нақши иттифоқҳои касаба низ дар танзими муносибати байни коргар ва кордиҳанда заъиф ба назар мерасад. Ин созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ба худии худ қодир набудааст, баҳсҳои миёни коргар ва корфарморо ҳал кунад. Саидбой Зокиров - раиси федератсияи иттифоқҳои касабаи Суғд:

«Мо нисбати вайронкунандаҳои қонуни кор танҳо ҷаримаи ночиз андохта андохта метавонем. Аммо бо ин танбеҳу қарори ҷаласа, то дараҷае, ки онҳо гунаҳкор ҳастанд, масалан, роҳбарони хоҷагие, ки одамонро кор мефармояду музди онҳоро пардохт намекунад, онҳоро ҷазо дода ва вазъро ислоҳ карда наметавонем, барои ҳамин мо маҷбур ҳастем ба додситонии вилоят муроҷиат кунем, то нисбати онҳо чора андешад.»

Ба гуфтаи оқои Зокиров, тақрибан сӣ дар сади корхонаҳои хусусии Суғд аслан иттифоқи касаба надорад. Аммо Абдусамад Султонов, сарвари созмони «Ҷавонон ва тамаддун» дар Хуҷанд мегӯяд, дар Тоҷикистон давлатдорон муносибати миёни кордиҳанда ва коргар ва пуштибонии давлат аз коргар дар баробари корфарморо аз мадди назар дур афкандаанд, зеро :

«Ба фикри ман, имрӯз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ба он равона карда шудааст, ки худ аз нирӯи дохилии арзони корӣ ҳар чӣ бештар истифода ва мушкилоти хешро ҳал кунад. Масалан, вақте донишҷӯёни моро ба ҷои хондан моҳҳо дар пахтачинӣ кор мефармоянд, инро, ба назарам, ғайр аз ғуломӣ чизи дигар гуфтан мумкин нест.»

Дар чунин ҳол, аз пуштибонии давлат дар мавриди таъмини ҳуқуқҳои як коргар дар муқобили кордиҳанда ё корфармо умедвор будан душвор аст. Аммо дар ин ҳолат он чи вазъро мураккаб ва печидатар мекунад, он ки теъдоде хеле кам аз коркунон бо ҳуқуқҳои кории худ ошноянд ва дар таъмини он саъй меварзанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG