Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чилу ҳашт одам дар як километр


Ба иттилоъи Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ, феълан зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон 48 нафар ба як километри мураббаъро ташкил медиҳад.


Дар Осиёи Марказӣ зичии аҳолии Ӯзбакистон ба як километри мураббаъ бештар аз ҳама будааст, он ҷо 59 нафар. Аммо як километри мураббаъ хоки Қирғизистонро 26 нафар, Туркманистонро 14 ва Қазоқистонро танҳо 6 нафар бо ҳам тақсим мекунанд.


Дар Русия ба ҳар ҳашт шаҳрванд як километри мураббаъ рост меояд, аммо аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ нишондиҳандаи аз ҳама намоёнро Молдова дорад. Он ҷо зичии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 115 нафар дар як километри мураббаъро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG