Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи коммунистҳои Темурмалик сӯхт


Дафтари кории Ҳизби коммунист дар ноҳияи Темурмалик, 130 - километрии ҷануби шаҳри Душанбе мавриди оташсӯзӣ қарор гирифтааст. Миралӣ Салимов, раҳбари маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, феълан як гурӯҳи махсуси корӣ иборат аз кормандони мақомоти интизомию хадамоти сӯхторнишонӣ ва ҳукумати Темурмалик дар пайи таҳқиқи ҳодиса мебошад: «Сӯхтор дар як бинои калон, ки коммисариати ҳарбӣ, идораи шуғли аҳолӣ, шӯъбаи Сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва Ҳизби коммунист ҷойгир будааст, рӯй медиҳад».




Ба гуфти оқои Салимов, ин бино комилан тахриб шудааст. Масоҳати умумии он 480 метри мукаабро ташкил медодааст. Рухшона Шарифова, мудири шӯъба дар ҳукумати ноҳияи Темурмалик гуфт, тибқи фарзияи пешакӣ сӯхтор дар пайи расиши ноқилҳои барқӣ ба вуқӯъ омадааст. Аммо ба гуфтаи хонум Шарифова, созмони ноҳиявии Ҳизби коммунист аз ин оташсӯзӣ зарари молӣ надидааст. Хонум Шарифова мегӯяд, оташсӯзии мазкур як ҳодисаи тасодуфӣ буда, ҷанбаи сиёсӣ надорад.



Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ бар ин ақида аст, ки оташсӯзӣ дар дафтари кории созмони ҳизби коммунист дар Темурмалик ба фаъолиятҳои сиёсии ҳизбаш дар ноҳия иртибот надорад, аммо афзуд натоиҷи таҳқиқоти гурӯҳи кориро интизор хоҳад шуд: «Ман ба масъулини созмони Ҳизби коммунисти Темурмалик гуфтам, ки чизе ки он ҷо ҳаст ба комиссияи давлатӣ пешниҳод кунед. Агар суғурта шуда бошад, зарари ворида ҷуброн мешавад, вагарна не. Дафтари мо он ҷо моли зиёд ҳам надошт. Ягон чизи сиёсӣ нест. Аммо як чиз ҳаст, ки солҳои охир ҳамин масъалаи амнияту бехатарии зиддисӯхтору дигар чизҳо он қадар дуруст контрол нест».



Ҳаҷми хисорот аз оташсӯзӣ феълан мушаххас нашудааст. Вале ҳоло созмони маҳаллии Ҳизби коммунист дар ноҳияи Темурмалик бидуни дафтари корӣ мондааст ва ба гуфтаи мақомоти ин ноҳия масъалаи кӯч додани ин созмон ва идораҳои дигари тахрибшуда ба бинои дигар пас аз таҳқиқи пурраи ҳодиса дар миён гузошта мешавад.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG