Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии САҲА аз осебпазирии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон


УХ

Созмони паймони амнияти дастаҷаъмӣ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз вазъи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Бо ин ҳадаф САҲА лоиҳаи таҳкими ҳифозати марзи миёни ин ду кишварро барои арзёбии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод кардааст.Зимни мулоқоти намояндагони ин ду созмон Николай Бордюжа ва Ҳерберт Салбер дар Маскав, авзои минтақаҳои марзӣ дар ҷануби Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ гардид ва ба зарурати ҷалби кӯмакҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими ҳифозати марзи ин кишвар таъкид шуд. Интизор меравад ояндаи наздик муншии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ояд. Мулоқоташ бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва мақомоти дигари расмӣ дар назар аст. Дар аснои боздид масоили таҳкими марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG