Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми амалиёти бузурги НАТО дар ҷануби Афғонистон


УХ

Нирӯҳои бритониёӣ аз анҷоми бомуваффақияти амалиёти бузургтарини НАТО дар ҷануби Афғонистон дар вилояти Ҳилманд гузориш доданд. Ин паймони низомӣ мегӯяд, ки нирӯҳо дар таркиби беш аз 250 нафар дар шаҳри Гармсер ба он чи ки ҳамчун қароргоҳ ва паноҳгоҳи бузургтарини толибон унвон мешавад, ҳамла бурда, шумори қобили мулоҳизаи шӯришиёнро нобуд кардаанд. Сухангӯи низомӣ сарҳанг Рори Брюс бо изҳори ин ҳама оид ба шумори дақиқи қурбониҳо иттилое пахш накард. Ӯ гуфт, ки нирӯҳои бритониёӣ ин амалиётро бидуни талафот ба анҷом расониданд.




Дар таҳаввулоти дигар аз Афғонистон бар асоси гузоришҳои зидду нақиз оиди таҳти назорати толибон гузаштани як шаҳраке дар вилояти ғарбии Фараҳ иттилоъ дода мешавад. Хабаргузории Франс Пресс дар нақли қавл аз волии Фараҳ Муҳиддинхон мегӯяд, ки дирӯз ҳудудан 300 мусаллаҳи толиб шаҳраки Бакворо таҳти тасарруфи худ дароварданд. Аммо дар айни замон, оқои Муҳиддинхон дар Ҳирот дар баробари хабарнигорон гуфтааст, шарт нест, ки толибон ҳанӯз ҳам ин шаҳракро дар ихтиёри худ нигаҳ дошта бошанд. Рӯзи 2 феврал ҷангиёни толибон шаҳри Мӯсо Қалъаи наздики вилояти Ҳилмандро тасарруф намуда, ҳанӯз ҳам онро таҳти назорати худ доранд.
XS
SM
MD
LG