Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар се минтақа ҷараён дорад


Давраи аввали мусобиқаи зимистонаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа ҷараён дорад.

Дар сабқати минтақаи Душанбе, ки бо ширкати шаш дастаи лигаи олӣ дар варзишгоҳи «Автомобилист» сурат гирифтааст, баъди натиҷагирии ду даври бозиҳо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Энергетик»-и Душанбе бо шашимтиёзӣ пешсафанд. «Регар» ТадАЗ дар бозии дувуми худ CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод. «Энергетик» бар тими «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 0 ғолиб омад. Дар як бозии дигари даври дувуми мусобиқа дар ин минтақа «Хима»-и Душанбе бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Бозиҳои даври севум дар минтақаи Душанбе рӯзи чоршанбеи 21 феврал баргузор мешаванд.

Давраи аввали ин мусобиқа дар минтақаи Хатлон бо ширкати ҳашт даста дар ду гурӯҳ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа сурат гирифтааст. Дар гурӯҳи «А» «Вахш» бо 6 имтиёз дар мақоми аввал мебошад. Ин даста бар «Ҳосилот»-и Данғара бо натиҷаи 4 бар 0 ва бар тими СКА - бошгоҳи варзишии артиши Русия бо натиҷаи 7 бар 6 пирӯз шуд. Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «Б» қарор гирифтааст. «Тоҷиктелеком» тими дувуми «Вахш»- ро бо натиҷаи 4 бар 0 ва дастаи «Меҳнат»-и Колхозободро бо натиҷаи 9 бар 2 мағлуб кардааст.

Дар минтақаи Суғд чаҳор даста барои роҳхат ба сабқати ниҳоӣ талош доранд. Дар даври аввали бозиҳо «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи «Рустамбек»-и Истаравшан бо натиҷаи 3 бар 1 ва «Эсхата»-и Хуҷанд бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуданд.

Марҳилаи аввали мусобиқаи зимистонаи футбол барои дарёфти ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев то рӯзи 27 феврал идома меёбад.Сипас давраи ниҳоӣ бо ширкати ҳашт дастаи беҳтарин аз 2-ум то 12-уми март дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG