Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи JICA ба тарҳи сохтмони роҳи Дустӣ- Панҷи поён


Бо ҳадафи баррасии масоили марбут ба шурӯъи сохтмони роҳи нақлиётии Дӯстӣ - Панҷи Поён қарор аст як ҳайати Ожонси Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) имрӯз 20 - уми феврал ба Душанбе ояд. Дар ҷараёни боздид пешбинӣ мешавад,ки ҳайати мазкур бо намояндагони мақомоти идораҳои вазорати нақлиёту мухобирот дидору мулоқот анҷом медиҳад.
Ҳамзамон бино ба иттилоъи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар давоми ин ҳафта ҳамчунин намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морел аз ин кишвар боздид менамояд. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифов, раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддир Рустам Назаров ва раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар назар аст. Ба ҷуз ин ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе ҳайате аз вазорати хориҷаи Австрияро интизоранд. Ҳадаф аз ин боздид муҳокимаи масоили ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG