Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сангтӯда-4" ба кор даромад


НЕРӮГОҲҲОИ КӮЧАК РОҲИ ҲАЛ НЕСТ

Баҳром Сироҷов, райиси бознишастаи ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ҳоло ҳукумат бо қабули барномаи давлатии бунёди нерӯгоҳҳои кӯчак, мехоҳад аҳолии маҳаллиро аз панҷаи камбуди нерӯи барқ раҳо кунад. Вале ба бовари ӯ, сохтмони чунин нерӯгоҳҳо, ки иқтидори кам доранд, роҳи дурусти ҳалли мушкили энержӣ буда наметавонанд: «Лек нерӯгоҳҳои хурд ҳич вақт масъалаи барномаи иқтисодии давлатро иҷро карда наметавонад. Хурд хурд аст. Нерӯгоҳҳои хурд масъалаи маҳал ё ноҳияро ҳал кунад, аммо ба андозаи даркорӣ не. Роғун нерӯгоҳи бузург аст. Сангтӯда-1 нерӯгоҳи миёна аст, ки дар як сол 2 миллирад 700 миллион киловатт соат қувваи барқ истеҳсол мекунад. Ҳамин хел нерӯгоҳҳо лозим. Аммо ба кор андохтани Сангтӯда-1 низ мушкили барқ дар Тоҷикистонро ҳал намекунад».

Дар навбати худ, Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержӣ низ ин андешаро рад намекунад: «Чунин нерӯгоҳҳои хурд ба дарди ҳукумат намехӯранд. Барои мисол, феълан дар як ноҳияи Рашт беш аз 200 нерӯгоҳҳои хурди шахсӣ мавҷуданд. Кам андар кам одамон аз лоилоҷӣ барои таъмини оилаю атрофиёни худ чунин нерӯгоҳ месозанд».

Аммо Луқмон Аҳмадов, як сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шимоли Тоҷикистон ахиран бо сохтмони нерӯгоҳи кӯчаки худсоз, ки 20 хонаводаро бо қувваи барқ таъмин мекунад, атрофиёнро ба ҳайрат гузошт. Вай мегӯяд, бо як таҷҳизоти одии трактор, генератор ва 15 метр лӯла нерӯгоҳ сохтааст. Оқои Аҳмадов дар сӯҳбат ба радиёи «Озодӣ» гуфт, то ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги «Роғун»-у «Сангтӯда-1» дигар интизор нахоҳад нишаст. Вай ба сохтмони «Сангтӯда»-ҳои худ машғул аст ва номи нерӯгоҳи худро шӯхиомез "Сангтӯда-4" мегӯяд: «Нерӯгоҳҳоро агар худамон дастӣ созем, хубтар. Чунки ҳам тезтар месозем, ҳам корамонро ҳарчи зудтар ба анҷом мерасонем. Агар маблағгузорӣ хуб бошад, шахсан метавонам нерӯгоҳҳои хурдро дар давоми 18 рӯз созам. Ин тарзи корро худам фикр карда баромадаам.»

НЕРӮГОҲҲОИ БУЗУРГ КАЙ БУНЁД МЕШАВАНД?

Баҳром Сироҷов мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон имкони ба кор андохтани ду агрегати Роғунро дорад. Вай гуфт, Русал ва дигар ширкатҳо қудрати бунёди чунин нерӯгоҳро надоранд. Ҳатто ҳукумат ҳангоми бунёди он дар танҳоӣ оҷизӣ мекашад. Ба бовари ӯ, тақрибан 10 сол лозим аст, то бунёди Роғун ба анҷом расад: «То имрӯз тақрибан 35 дарсади корҳо иҷро шудаанд. Ду агрегат дар вақташ ман харида будам. Генераторҳо, лӯлаҳо ҳамаи таҷҳизоте, ки барои бунёди нерӯгоҳ зарур аст, ба ғайр аз трансформатор барои ду агрегат ҳоло дар анборҳои «Барқи тоҷик» аст. Мо метавонистем солҳои 1990-91 ақаллан як агрегатро ба кор дароварем. Баъзеҳо воқеаҳо рух доданд ва кори нотамом боқӣ монд. Ҳамин ду агрегатро, ки ҳама таҷҳизоташ омода аст, дар чор, чоруним сол сохтан мумкин аст».

Ин дар ҳолест, ки Ғуломиддин Сайфиддинов гуфт, агар хатти интиқоли барқи Ҷануб-Шимол пурра ба кор оғоз кунад, Тоҷикистон ба нерӯи барқи интиқолёбанда аз Ӯзбакистон ва истгоҳҳои дигари обию барқӣ эҳтиёҷ пайдо намекунад. Вале, дар мавриди он ки, интизор аст, кай нерӯгоҳҳои бузурге чун «Роғун» ва «Сангтӯда-1» бунёд хоҳанд шуд, оқои Сайфиддинов гуфт: «Ба ҳисоби мо нерӯгоҳи «Роғун» ҳeч набошад дар даҳ соли оянда буд намешавад. Норакро бо ҳамон қудрате, ки Шӯравии собиқ дошт, дар бист сол бунёд карданд. Роғун аз ин боҳашаматтар аст.»

Вале Рафиқа Мӯсоева, райиси анҷумани энергетикҳои Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои тавлиди нерӯи барқ аз ҳисоби шамолу офтоб низ дар кишвар зиёданд. Аммо ин навъи тавлиди нерӯи барқ ҳоло дар ҷумҳурӣ роиҷ нест.
XS
SM
MD
LG