Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар хушксол боз ояд...


Хушксол чист ва чӣ таъсире ба иқтисодиёт дорад? Муҳаққиқон мегӯянд, барои кишварҳое, ки бахши кишоварзӣ дар онҳо як манбаъи муҳими даромадро ташкил медиҳад, хушксол офати хонумонсӯз аст. Омӯзиши ин падида ва таъсири он аз он лиҳоз муҳим дониста шудааст, ки роҳҳои нарм кардани пайомадҳои хушксолро нишон медиҳад.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бо кӯмаки Бунгоҳи Рушди Байнулмилалии Конодо ҳукуматҳо, марказҳои илмӣ ва созмонҳои ғайридавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро водор кард, дар ин ришта пажӯҳишҳое анҷом диҳанд.

Хулосаи ин тадқиқот чунин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар баробари хушксол осебпазиранд ва пас аз солҳои батакрори хушк захираҳои об дар онҳо аз 20 то 45% кам мешавад. Хушксоли 2001 дастикам 10 то 26 %-и ҳосили зироъаткорӣ ва чорвопарвариро нобуд кард. Талафоти Тоҷикистон наздик ба 160 миллион долларро ташкил дод.
Бадии кор дар он аст, ки ҳукуматҳои минтақа ба хушксолҳо омодагӣ надоранд. Ҳатто марказҳои ҳавошиносии онҳо қодир нестанд, хушксол ва обуҳавои манотиқи гуногунро пешгӯӣ кунанд. Биноан, кишоварзон ва молдорон соли хушкро аз рӯи нишонаҳои ривояти мардумӣ муайян мекунанд.

Бимноктарин хулосаи пажӯҳишҳои Бонки Ҷаҳонӣ ин аст, ки дар замони ҳозира ва дар давоми садаи 21 хатари хушксолу обхезиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз рӯ ба афзоиш дорад.

Тафсилоти бештари ин тадқиқот ва пажӯҳишҳои олмиони тоҷикро зери ин хатти сабз пайдо карда метавонед.
XS
SM
MD
LG