Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанги байни Ғарб ва ислом?


Зоҳир хеле сода аст. Як донишҷӯ дар Покистон ва як наврас дар Фаронса ин зоҳирро ҷанги Ғарбу ислом меноманд. Ва на танҳо онҳо афроди солдида ва таҳсилкарда низ гоҳе ба чунин хулоса мерасанд. Усома бин Лодин ва ҷиҳодиёни ӯ, низ мегӯянд, Ғарб ба кишварҳои мусулмон ҳамла кардааст, то онҳоро ба зону биншонад ва мусулмононро таҳқир кунад. Самюэл Ҳантингтон, профессори Донишгоҳи Ҳорворд, ки даҳ сол пеш назарияи "ҷанги тамаддунҳо"-ро дар миён гузошт, иддаъо дорад, ки даргириҳои фарҳангӣ миёни ислом ва Ғарб ҷои тафриқаҳои кӯҳнаи Шарқи коммунистӣ ва Ғарби сармоядорро гирифтааст.

Вале натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки дар онҳо 28 ҳазор нафар аз гӯшаву канори ҷаҳон ширкат карданд, нишон дод, ки ботини масъала комилан дигар аст. 52%-и посухдиҳандагон, мусулмонону ғайримусулмон гуфтанд, на тафовутҳои динию фарҳангӣ сабаби ташаннуҷи равобит миёни ислом ва Ғарбанд, балки нирӯи сиёсӣ ва манфиатҳо ин ташаннуҷро ба миён овардаанд. 29 дарсад фарқиятҳои динӣ ва фарҳангиро омили ташаннуҷ номиданд. Ва дар ҳоле ки 26 дарсад ин тафовутҳоро ангезаи аксарият номиданд, 58% гуфтанд, вазъи имрӯза натиҷаи амали ақаллиятҳои бетаҳаммули ҳарду ҷониб мебошад.

Як вижагӣ дар ин аст, ки посухдиҳандагон аз кишварҳои нодори исломӣ аз ақидаи ҷанги миёни Ғарб ва ислом пуштибонӣ мекунанд, вале дар кишварҳое ки сатҳи зиндагӣ беҳтар аст, аксарият мухолифи чунин андешаанд.

Дар Тоҷикистон низ шояд аксарияти ом, барои мисол, ҷанги Ироқро маҳкум мекунанд ва зимни авзоъ дар Ховари Миёна, аз ҷанги зидди мусулмонон ҳарф мезананд. Аммо таҳлилгари тоҷик, Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо мегӯяд, комилан мувофиқ аст, ки манфиатҳои сиёсӣ сабаби ташаннуҷ миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб мебошад ва рӯ овардани бештари ҳарду тараф ба мазҳабҳои худ метавонад, заминаи тафоҳуми онҳо гардад.

Дарвоқеъ ҳадафи аслии назарсанҷӣ на танҳо дарёфти решаҳои ихтилоф, балки озмуни ин будааст, ки оё ду тараф -- Ғарб ва ислом заминаҳои мушатараке барои ҳамдигарфаҳмӣ доранд? 56 дарсади посухдиҳандагон аз миёни 28 ҳазор нафар аз 27 кишвари ҷаҳон ба ин пурсиш посухи мусбат додаанд, 28% гуфтаанд, низоъи хушунатомез миёни ду тараф гурeзнопазир аст, 8% гуфтаанд, бастагӣ ба шароити мавҷуда дорад ва 8 дарсади дар посух дода натавонистаанд.

Назарсанҷии байнулмилалӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Доҳаи Қатар Форуми Ҷаҳонии Исломӣ мехоҳад, мушкилоти худ ва масъалаҳои муносибат бо дунёи Ғарбро баррасӣ кунад. Дар он намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 30 кишвари мусулмон ширкат хоҳанд кард. Афғонистон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон ва Қирғизистон гуфтаанд, намояндагони худро ба форум фиристодаанд. Аз Тоҷикистон, ба ахбори расмии ташкилкунандагони форум, касе дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ ширкат намекунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG