Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс ваъда дод, ки хеле зуд ба Байтулмуқаддас бармегардад


Ин нахустин гуфтушуниди сеҷониба буд, бо ширкати Райс, сарвазири Исроил Йеҳуд Олмурт ва президенти фаластиниҳо Маҳмуд Аббос. Бахше аз нишаст дар толори меҳмонсаро гузашт ва қисмати баъдии он дар ҳуҷраи Райс, ки тирезаҳояш ба кӯчаҳои қадимии Байтулмуқаддас во мешуданд. Дар бахши дуввуми мулоқот ҳайъатҳо ширкат надоштанд, ба ҷуз аз тарҷумони арабии вазири умури хориҷии Амрико.

Пас аз ду соати мулоқот хонуми Райс ба хабарнигорон гуфт, ҳар се тараф пойбандии худро ба созишҳои гузашта, аз ҷумла тарҳи мавсум ба Харитаи роҳ ва зарурати ду давлати Исроилу Фаластин тасдиқ карданд.

Хонуми Райс гуфт, "президенти фаластиниҳо ва сарвазири Исроил ризоият доданд, ки ба зудӣ бори дигар мулоқот кунанд. Онҳо идомаи ширкати Амрикоро дар ҷойгузинии талошҳои убур аз монеъаҳо, таҳкими пуштибонии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва пешрафт ба сӯи сулҳро маъқул донистанд."

Райс бо онки мулоқотро на гуфтушунид, балки "баҳсҳо" номид, ишора кард, ки интизориҳо аз ҳамоиши имрӯза набояд зиёд бошанд. Вай амдан аз эҳтимоли шурӯъи дубораи гуфтушунидҳои сулҳ чизе нагуфт ва пас аз сухани хеш интизори пурсиши хабарнигорон нашуд ва ба суолҳое ки ба ҳар ҳол садо доданд, посух нагуфт.

Ба қавли хабаргузориҳо сабаби натиҷаҳои ночизи нишаст дар он аст, ки Исроил ва Амрико бо ҳукумати ваҳдати фаластиниҳо хоҳиши ҳамкорӣ надоранд, магар ин ки он ҳаққи ҳастии Исроилро қоил гардад.

Ризоияти ташкили ҳукумати ваҳдати фаластиниҳо аввали ин моҳ дар гуфтушуниди сарони Фатҳ ва Ҳамос дар Макка ҳосил шудаааст ва дар асноди он Ҳамос, ки хостори аз байн бурдани Исроил аст, ҳастии Исроилро эътироф накарда, фақат аз эҳтиром ба созишҳои қаблӣ ҳарф задааст.

Кондолиза Райс гуфтааст, созиши Макка ба шартҳои байнулмилалӣ, ки чоргонаи Ховари Миёна -- Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва Русия муқаррар кардаанд, ҷавобгӯ набудааст.
XS
SM
MD
LG