Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои ночизи мулоқоти Ховари Миёна


Вазири умури хориҷии Амрико Кондолиза Райс гуфт, сарвазири Исроил Йеҳуд Олмурт ва президенти фаластиниҳо Маҳмуд Аббос пойбандии худро ба созишҳои гузашта, аз ҷумла тарҳи мавсум ба Харитаи роҳ тасдиқ карданд.


Вай афзуд, тарафҳо ба зудӣ бори дигар мулоқот мекунанд ва онҳо "идомаи ширкати Амрикоро дар талошҳои убур аз монеъаҳо, таҳкими пуштибонии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва пешрафт ба сӯи сулҳро маъқул донистанд."


Райс бо онки мулоқотро на гуфтушунид, балки "баҳсҳо" номид, ишора кард, ки интизориҳо аз ҳамоиши имрӯза набояд зиёд бошанд.


Ба қавли хабаргузориҳо сабаб дар он аст, ки Исроил ва Амрико бо ҳукумати ваҳдати фаластиниҳо хоҳиши ҳамкорӣ надоранд, магар ин ки он ҳаққи ҳастии Исроилро қоил гардад. Созиши таъсиси ин ҳукумат аввали ин моҳ дар гуфтушуниди сарони Фатҳ ва Ҳамос дар Макка ҳосил шуд ва дар асноди он Ҳамос, ки хостори аз байн бурдани Исроил аст, ҳастии Исроилро эътироф накарда, фақат аз эҳтиром ба созишҳои қаблӣ ҳарф задааст.
Райс гуфтааст, созиши Макка ба шартҳои байнулмилалӣ, ки чоргонаи Ховари Миёна -- Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милал ва Русия муқаррар кардаанд, ҷавобгӯ нест.
XS
SM
MD
LG