Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришгари вижаи СММ вазъи озодии дин дар Тоҷикистонро меомӯзад


Асмо Ҷаҳонгир, гузоришгари махсуси дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал дар умури озодии дин ва эътиқод аз Тоҷикистон боздид хоҳад намуд.


Дафтари матбуоти ин ниҳоди СММ хабар додааст, ки ин боздид бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад.


Дар ҷараёни боздиди бону Асмо Ҷаҳонгир аз Тоҷикистон, ки интизор меравад, рӯзи 26 феврал шурӯъ бишавад, мулоқоти ӯ бо масъулини ниҳодҳои динии ин кишвар, намояндаҳои созмонҳои динӣ ва ғайридавлатӣ дар назар аст.


Бо анҷоми боздид, гузоришгари махсуси СММ дар умури озодии дин ва эътиқод ба дафтари ҳуқуқи башари СММ гузорише аз дидаҳо ва шунидаҳо ва бо тавсияҳои худ ироа хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG