Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси додгоҳи ҳакамон дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи душанбеи 19 - уми феврал нахустин додгоҳи ҳакамӣ расман оғоз ба фаъолият кард.

Додгоҳи ҳакамӣ дар заминаи Бунёди ҷамъиятии ҳамном таъсис ёфтааст. Ин бунёди тозатаъсис ба ҷуз аз иҷрои вазифаи додгоҳи ҳакамӣ, ҳамзамон ироаи кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандонро низ бар дӯш хоҳад дошт. Додгоҳи ҷамъиятии ҳакамӣ бо фарқ аз додгоҳи давлатӣ танҳо ба ҳалли масоили иқтисодӣ ва шаҳрвандии одамон сарукор хоҳад дошт.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшинос ва вакили дифоъи додгоҳи тозатаъсиси ҳакамӣ дар Хуҷанд мегӯяд, бо кӯмаки ин додгоҳ шаҳрвандон метавонанд бо тартиби содда, дар муддати кӯтоҳ ва бо харҷи кам ба ҳалли масоили худ дастёб шаванд:

«Дар додгоҳи ҳакамӣ баҳс дар муддати то як моҳ мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад. Дуюм, ин ки дар додгоҳи ҳакамӣ зинаҳои додгоҳӣ: ноҳиявӣ, вилоятӣ ва олӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ҷавоби масоили худро дар фурсати кӯтоҳтарин аз як ҷо мегиранд. Фарқи асосии додгоҳи ҳакамӣ аз додгоҳи умумӣ боз ин аст, ки дар ин ҷо баҳс ба фоидаи ҳар ду ҷониби баҳскунанда, бо роҳи бастани созишномаи тарафайн ҳал карда мешавад ва ин асоси фаъолияти додгоҳи ҳакамӣ мебошад.»

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Ҷӯраева, муроҷиати шаҳрвандон ба додгоҳи ҳакамӣ ба тариқи ихтиёрӣ сурат мегирад ва шаҳрвандон дар интихоби додрас озоданд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳуқуқшинос Абдуқаҳҳор Ғафуров, тайи солҳои ахир муроҷиати сокинони Суғд барои ҳалли масоили ҳалталаби шаҳрвандии худ ба вакилони дифоъ зиёд шудааст:

«Ҳоло парвандаҳои шаҳрвандӣ дар додгоҳҳо ҳам ниҳоят бисёр шудааст. Барои он ки дар солҳои ахир дар масъалаи тақсими молу мулк, мерос ва рӯёнидани қарз - дар ҳамин гуна масъалаҳо баҳсу талош миёни шаҳрвандон хеле зиёд шудааст.»

Ба гуфтаи оқои Ғафуров, дар ҳоли ҳозир ба ҳаллу фасли масоили шаҳрвандии сокинони Суғд умдатан додгоҳҳои умумии давлатӣ машғул аст ва гоҳе ҳалли ин баҳсу талошҳо моҳҳову солҳо дароз мекашад.

Нахустин додгоҳҳои ҳакамии Суғд дар соли гузашта дар шаҳрҳои Истравшану Панҷакент ва навоҳии Айниву Бобоҷон Ғафуров шурӯъ ба фаъолият карда буд.

Додгоҳи ҳакамии Хуҷанд ҳамакнун бо кӯмаки молии Вазорати рушди байналмилалии Бритониё ифтитоҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG