Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари гуштигирони тоҷик ба Маскав


Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб шуда, дар қасри варзиши «Дӯстӣ»-и Лужникии Маскав аз 19 то 22 феврал барпо мегардад,Тоҷикистонро нӯҳ нафар беҳтарин гуштигирони ин кишвар - Пӯлодҷон Солеҳов, Санҷар Сарфарозов, Далер Мусофиров, Руслан Эктов, Олимҷон Зикаев ва дигарон намояндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ хароҷоти сафари тими мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистонро барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба зимма гирифтааст.


Маҳмуди Абдуллоҳ, ҳамчунин иброз дошт, ки пас аз хотимаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Маскав, тими мунтахаби Тоҷикистон аз 23 то 25 феврал дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи раиси ҷумҳурии Укроин ширкат хоҳад кард. Ин мусобиқа низ яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG