Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва Интернет


Бар тибқи таҳқиқоти ахири созмони «Интернешнл Коммуникейшн Юнион» Тоҷикистон дар феҳраси 198 кишвари ҷаҳон дар мавриди истифода ва дастрасӣ ба интернет дар мақоми ниҳоӣ қарор дорад.

Ин созмон мушаххас кардааст, ки феълан дар дунё 882 миллион нафар ба интернет дастрасӣ дорад, ки 18,3 дарсади он дар Амрико, 10,6 дарсад дар Чин ва 8,6 дарсад дар Ҳиндустон мебошад.

Ин созмон навиштааст, ки дар Тоҷикистон танҳо 0,07 дарсади сокинон ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи сентяри соли 1999 ҷиҳати густариши дастрасии мардум ба шабакаи ҷаҳонии интернет таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд.

Дар мизи гирди имрӯз баҳс сари он аст, ки чаро то ҳанӯз рейтинги корбарони интернет дар Тоҷикистон кам аст?
XS
SM
MD
LG