Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронсавиҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе терминол месозанд


Ширкати ҳавоии «Тоҷик-эйр» феълан бо ду ширкати фаронсавӣ оид ба сохтмони терминоли нави байналмилалӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе гуфтушунид дорад.


Назира Давлатова, сухангӯи «Тоҷик-эйр» бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои «Alpha airport» ва «SOFEMA group»-и Фаронса ташаббус гирифтанд, бунёди терминоли ҷадид дар пойтахти Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунанд. Ба гуфтаи хонум Давлатова, дар бунёди ин терминол эҳтимолан ҳарду ширкати фаронсавӣ иштирок намоянд.


Хонум Давлатова гуфт, ҳоли ҳозир лоиҳаи сохтмони терминоли байналмилалӣ коркард мешавад, пас аз пурра таҳия шудани лоиҳаи мазкур, он барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд. Аммо миёни Тоҷикистону Фаронса созишномаи махсусе оид ба ҳамкориҳо дар бахши рушди авиатсия ва сохтмонҳо вуҷуд надорад, аз ин хотир баъд аз омода кардани лоиҳаи терминал, миёни ҳукуматҳои ин ду кишвар созишномаи ҷадид ба тасвиб хоҳад расид. Хонум Давлатова гуфт, эҳтимол аст, Ки сохтмони терминоли ҷадиди байналмилалӣ дар соли ҷорӣ шурӯъ бишавад.


Тирамоҳи соли гузашта раҳбари ширкати «Тоҷик-эйр» Фирӯз Ҳамроев дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, ки аз сӯйи мутахассисони ин ширкат лоиҳаи сармоягузории сохтмони терминоли нави байналмилалӣ дар Душанбе омода шудааст ва он ҳудудан 40 миллион доллари амрикоӣ арзиш хоҳад дошт. Ҳоло аэровокзали Душанбе метавонад дар як соат ба 200 мусофир хидмат расонад, аммо баъд аз сохтмони терминоли нав шароити хидматрасонӣ ба 700 нафар дар як соат фароҳам мешавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG