Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ояндаи Русия?


Ӯ ҳам мисли Путин 54 сол ва собиқаи зиёди кор дар КГБ-ро дорад, озодона ба забони англисӣ ва шведӣ сӯҳбат мекунад, сиёсати хориҷии ИМ-ро танқид карда мухолифи тавсеаёбии НАТО баромад мекунад.

Сергей Иванов ҳамакнун дар вазифаи муовини аввали нахуствазири кишвар, дар мақоми баробар бо довталаби дигари курсии раёсатҷумҳурӣ Дмитрий Медведев, имконияти бештари пешрафти сиёсиву маъмуриро хоҳад дошт. Таъйини, аз сӯе ногаҳонӣ ва аз тарафи дигар интизории вазири дифоъ ба мақоми баланди ҳукуматӣ, аз нигоҳи таҳлилгари радиои Озодӣ Виктор Ясман дар сиёсати дохиливу хориҷии Русия таъсири худро хоҳад гузошт:

"Пеш аз ҳама дар сиёсати дохилии Русия ин маънои заифшавии ҷабҳаи либералии ба раҳбарии Дмитрий Медведев ва тақвияти ҷабҳаи қудративу интизомиро дорад, ки ба он афроди зиёд шомиланд, аз ҷумла худи Путин. Дар сиёсати байналмилалӣ ин маънои шадидшавии хати маши кишварро дорад, ки дар ин бора Путин дар суханрониаш дар Мюнҳен гуфта буд. Чунин тағйирот дар ҳукумат бо изҳороти ахири раиси ситоди генералӣ мувофиқ омад, ки гуфт, Русия ният дорад созишнома дар бораи мушакҳои кӯтоҳ ва миёнапарвозро тарк кунад, ва ин як самтгирии бисёр сахт аст".

Бархе таҳлилгарони дохиливу ғарбӣ мегӯянд, ки акнун то андозае симои раҳбари ояндаи Русия мушаххас шуд ва Путин бо чунин тасмими худ, мехоҳад бигӯяд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда бештар ба номзадии Иванов такя хоҳад кард. Аммо ба андешаи бархе дигар таҳлигарон, ҳанӯз ба қавле, ин даври охири бозӣ нест ва Путин бештар дар фикри худ аст, на ояндаи кишвар. Виктор Ясман:

"Тағйироти ахир пеш аз ҳама мавқеи худи Путинро қавитар мекунад, маҳз Путин раҳбари саҳнаи сиёсии Русия боқӣ мемонад. Ӯ бояд ҳал кунад, ки кадоме аз ин ду номзад баранда мешаванд ва ё тасмим гирад, ки шояд номзади дигарро пуштибонӣ хоҳад кард. Метавонад як чеҳраи комилан ногаҳониро дар охирин лаҳза вориди рақобат кунад. Тибқи баъзе пешгӯиҳои афроди дохили Кремлин, бо таъини одами худ дар мақоми раёсатҷумҳурӣ, Путин нияти аз қудрат дур шуданро надорад, ӯ шояд баъдан дар вазифаи қариб баробар бо раиси ҷумҳурӣ ва ё раиси ҳукумат хоҳад монд"

Ин таҳлилгар мегӯяд, ки Сергей Иванов он обрӯву маъруфиятеро, ки Путин соҳиб аст, надорад ва пеш аз ҳама ба хотири он ки дар вазифаи вазири дифоъ, новобаста ба ситоишҳои ахири Путин, барои ислоҳи вазъи артиш кори зиёде накард. Ҳамоно ҳодисаҳои бадрафторӣ бо сарбозони наву муносиботи ба истилоҳ ғайриоинномавӣ аз мушкили аслии артиши Русия боқӣ мемонад. Аммо бо ин вуҷуд, ба навиштаи "Вашингтон пост", номзадии Иванов назар ба Медведев ба мақоми раҳбарӣ мувофиқтар аст, ба ин маъно, ки ӯ қавитару ботаҷрибатар аст.

Дар сурати пирӯзии Иванов дар интихобот, ба андешаи Виктор Ясман, таҳлилгари радиои Озодӣ, Русия аз роҳи либералии наздик ба ғарбии рушд дар самти мобилизатсия, яъне хеле шабеҳ ба сиёсати замони Шӯравӣ ҳаракат хоҳад кард:

"Мобилизатсия, яъне вақте ҳама атрофи як ақидаи хаёлпарастона муттаҳид шуда, ояндаи софу беғуборро бунёд мекунанд. Ва ин на фақат марбут ба саркӯбгариҳои сиёсӣ аст, балки ба ҳама соҳаҳо тааллуқ дорад, ҳам ба хати маши иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоии ҳукумат. Намунаи онро мешавад ҳоло дар мисоли Туркманистон мушоҳида кард, ки гӯё ҳама ошиқи як раҳбари мутлақ ҳастанду танҳо ба хотири як ақида зиндагӣ мекунанд, ҳарчанд ин ҳама сохтакорӣ аст. Воқеият ҳамин аст".

Тибқи сӯҳбатҳои Путин, ҳамакнун салоҳиятҳои Иванов дар вазифаи муовини аввали нахуствазир бештар хоҳад шуд, дар паҳлӯи масоили низомӣ ӯ ҳамакнун дар доираҳои васеи масоили шаҳрвандиву иқтисодӣ, масоили энержӣ масъулият хоҳад дошт. Ва зоҳиран, нақши Медведевро чун як номзади бештар пуштибони масоили кишоварзиву иҷтимоӣ камранг мекунад. Зимнан, инро аллакай чанд рӯз аст аз телевизионҳои марказии Русия ҳам пай бурдан мумкин аст.
XS
SM
MD
LG