Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурбонк нашрияҳоро ба додгоҳ мекашаду Роҳат Алиев хонумҳоро


Нурбонк, яке аз бонкҳои Қазоқистон рӯзномаҳои «Свобода слова», «Время» , «Тасжарган» ва сомонаи интернетии «Зона кз» -ро ба додгоҳ кашидан мехоҳад.

Любов Балмагамбетова, вакили мудофеи ин бонк унвонии ин нашрияҳо номае ирсол кардааст. Дар нома омадааст, матлабҳое дар ин нашрияҳо дар бораи бонк иттилооти дурӯғ доранд, ки шаъну обрӯи бонкро паст мезананд. Аз ин хотир, вакили мудофеи бонк аз нашрияҳо талаб кардааст, ки ба ин мақолаҳо таи як моҳ раддия чоп намоянд. Дар акси ҳол, бонк нашрияҳоро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Вале Гулҷон Ёргалиева, сардабири нашрияи «Свобода слова» ба радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз чаҳорчӯбаи қонун берун по наниҳодаанд ва аз ин хотир, рӯзнома ягон раддияе нахоҳад дод.

Аз сӯи дигар, Роҳат Алиев, яке аз саҳҳомони ин бонк ва собиқ муовини аввали вазири хориҷаи Қазоқистон, ки алъон сафири ин кишвар дар Австрия аст, ду зан - Армонгул Капашева, ҳамсари муовини раиси пешини Нурбонк ва Назира Гилимова, ҳамсари раиси пешини ин бонкро ба додгоҳ кашидааст. Дар ин моҷаро низ вакили мудофеи Роҳат Алиев Любов Балмагамбетова аст. Вай гуфтааст, ки номаи додхоҳӣ дар бораи ҳимояи шаъну эътибор ва ахзи ҷарима барои ҷуброни зарари маънавӣ ба миқдори як миллион танга, ки муодили анқариб 8 ҳазор доллар аст, ба додгоҳи ноҳияи Медеои шаҳри Алмаато ирсол гардидааст.

Вале Армонгул Капашева гуфт, ки ӯ ҳеҷ гуноҳ надорад ва дар номаи унвонии раиси ҷумҳур ирсол кардааш чизе ба ҷузъ ҳақиқат нагуфтааст.

Ҳамсарони сарварони собиқи Нурбонк аввали моҳи феврал расман Роҳат Алиевро бо он муттаҳам кардаанд, ки ӯ алайҳи шавҳарони онҳо аз амалҳои ғайриқонунӣ, мисли зӯроварию шиканҷа кор гирифтааст. Вале Роҳат Алиев ин иттиҳомро рад карда онҳоро ба додгоҳ кашидааст.
XS
SM
MD
LG