Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев - барандаи медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии дзюдо


Вай дар сабқати ниҳоӣ дар вазни то 73 килограмм бар ҳарифи худ Константин Заретский, аз Русия дастболо шуд ва байни 32 нафар ширкаткунандагони рақобатҳо мақоми аввалро касб кард.Қабл аз рақобати ҳалкунанда паҳлавони тоҷик бар рақибонаш аз Укроин, Лаҳистон, Русия ва Конодо пирӯз гашт.Тритон (Конодо) ва Гуэдес Феррейра (Бразил) севум шуданд.

Тоҷикистон бо касби як медали тилло байни 15 кишвари ҷаҳон пас аз Фаронса, Ҷопон, Ҳолланд, Бразил ва Словения дар мақоми шашум қарор гирифт.

Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, марҳилаи навбатии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо 24-25 феврал дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад. Вай афзуд: «Дар ин мусобиқа шарафи Тоҷикистонро се нафар - Расул Боқиев (дар вазни 73 кг), Рауф Ҳикматов (81 кг) ва Неъматулло Асронқулов (90 кг) ҳимоя хоҳанд кард. Ҳадафи аслии ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад. Воқиъан, Расул Боқиев ҳамчун барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар 20 имтиёзи олимпӣ ба даст овардааст. Боз ду нафари дигар - Рауф Ҳикматов ва Парвиз Собиров, ки дар Бозиҳои Доҳа ҳар кадом дар рақобатҳо дар вазни худ мақоми панҷумро касб кард, соҳиби 10 имтиёзӣ гаштаанд. Ва аммо барои гуштигирони тоҷик имтиҳони аслӣ барои роҳ ёфтан ба Олимпиадаи Пекин ин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо мебошад, ки моҳи май дар Кувайт баргузор мешавад.»
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG