Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Кумитаи ҷавонон аз озори донишҷӯёни тоҷик дар Русия


Ин мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Кузмински Маскав ҷараён дорад. Тобистони соли гузашта се корманди шӯъбаи корҳои дохилии «Вихино» ҳамроҳ бо тани дигар ба хобгоҳи Донишгоҳи давлатии мудирияти Маскав омада, 12 донишҷӯи тоҷикро мавриди шиканҷа қарор доданд. Дар натиҷа чанде аз ҷавонони тоҷик захмҳои гуногун бардошта ва бистарӣ шуданд. Додситонӣ ду корманди милисаро боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид. Аммо яке аз дигар милисаҳое, ки дар шиканҷаи донишҷӯён иштирок доштааст, ҳанӯз дар мақомоти интизомӣ фаъолият мекунад.




Ҳузури ӯ дар толори муҳокимаи додгоҳӣ, ҷабрдидаҳоро ба ҳарос овард. Ба навиштаи сомонаи «Эхо Москви», чанд тани дигари ношинос ба толори додгоҳ ворид шуда, ба донишҷӯён таҳдид кардаанд ва гуфтаанд, ки кормандони боздоштшудаи милисаи рус ҷазо нахоҳанд гирифт, аммо шиканҷаи донишҷӯён идома хоҳад кард. Дар ин робита Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳат ба радиои Озодӣ гуфт, ин кумита аз қазияи бо донишҷӯёни тоҷик сарзада изҳори нигаронӣ мекунад ва умедвор аст, додгоҳ нисбат ба муттаҳамон ҳукми одилона содир мекунад: «Дар ҳақиқат натанҳо ин ҳодиса, балки ҳодисаҳои латукӯб кардани шаҳрвандони дигар давлатҳо, таҳдид ба ҷон кардан ва дигар рафторҳои номатлуб аз ҷониби баъзе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар Федератсияи Русия ба назар мерасад. Дар хусуси он ҳодисае, ки дар бораи латукӯб гаштани 12 донишҷӯи тоҷик дар Маскав, тавре мо хабар дорем, ҳоло муҳокимаи судӣ ҷараён дорад, мо умедворем, ки суди Маскав қарорҳои дахлдорро нисбат ба гумонбарон мебарорад».



Ҷавонони тоҷик низ ба пуштибонии донишҷӯёни ҷабрдидаи тоҷик дар Маскав мегӯянд, бояд мақомоти расмии Тоҷикистон нисбат ба ин қазия мавқеъгирӣ кунанд ва шарҳи ҳолро аз мақомоти зирабти Русия ҷӯё шаванд. Абдулазизи Восеъ ном ҷавоне гуфт: «Аз ҳама пештар бояд ин қазияро сафорати Тоҷикистон дар Маскав пайгирӣ кунад ва дигар бояд вазорати корҳои хориҷӣ иқдомоти вижаеро аз сар бигирад, то тавонад аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ дифоъ бикунад, чун ин ҳодисаи аввалин нест, ки ҷавонон ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Бояд нуқта гузошт ба ин нофаҳмиҳо».



Ва аммо Камоли Саид, як рӯзноманигори ҷавон ин гуна пешниҳод дорад: «Ҳукумат ва мақомоти дахлдори давлати Тоҷикистон бояд ҳатман аз натоиҷи ҳалли қазияи мавриди латукӯб қарор гирифтани чанд донишҷӯи тоҷикистонӣ аз ҷониби милисаҳои русро назорат кунад. Фикр мекунам, агар он ҷавонон бо роҳхатҳои вазорати маориф барои таҳсил сафарбар шуда бошанд, фавран аз тарафи вазорати маорифи тоҷикистон кумиссиюни махсус ташкил дода шавад, то дар ҳамон раванди судӣ дар Маскав аз ҳуқуқҳои донишҷӯёни тоҷик ҳимоя кунанд».




Ва аммо вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ин қазия вокунише нишон надодааст ва шарҳи ин ниҳодро мо дарёфт накардем. Кумитаи ҷавонон мегӯяд, интизори ҳукми додгоҳ хоҳад шуд, ғайричашмдошт агар ҳукми додгоҳ на ба манфиати донишҷӯён содир шавад, тариқи вазорати корҳои хориҷӣ аз мавқеъи худ нисбат ба ин қазия иттилоъ хоҳад дод. Бино ба маълумоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҳоли ҳозир дар макотиби олии Русия ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов низ дар яке аз нишастҳои хабарияш гуфт, Русия алоқаманд аст, ки шумори донишомӯзони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия бамаротиб афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG