Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс бо сарони Фаластин ва Исроил мулоқот меорояд


УХ

Дар чаҳорчӯби сафари худ ба минтақаи Ховари миёна вазири умури хориҷаи Амрико Кондализа Райс имрӯз -18 феврал бо раҳбарони Исроилу Фаластин мулоқот меорояд. Дирӯз якшанбе Эҳуд Олмерт, нахуствазири Исроил гуфт, Амрико бо ин андеша мувофиқ аст, ки то замоне ҳукумати эътилофии Фаластин давлати Исроилро эътироф накунад, ин ҳукумат ҳам ба расмият шинохта нахоҳад шуд. Дирӯз хонум Райс бо оқои Олмерт ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқоти ҷудогона барпо намуд. Дар пайи тавофуқи оташбас миёни гурӯҳҳои Фаластинии Ҳамос ва Фатҳ дар Макка ҳафтаи гузашта Исмоли Ҳания нахуст вазири Фаластин ба ташкили давлати ваҳдати миллӣ маъмур шуд. Вале то кунун Исроил ва Амрико мавзеъи худро нисбат ба ин ҳукумат расман эълом надоштаанд. Аз моҳи январи соли гузашта баъд аз сари қудрат омадани Ҳамос дар Фаластин Амрико ва кишвароҳои ғарбӣ кӯмакҳои молии худро ба давлати Фаластин мутаваққиф сохтанд.
XS
SM
MD
LG