Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд соҳиби додгоҳи арбитражӣ мегардад


Имрӯз 18 феврал қарор аст дар шаҳри Хуҷанд нахустин додгоҳи арбитражӣ ба фаъолият шурӯъ намояд. Бино ба иттилоъи хабаргузории «Варорӯд» дар вилояти Суғд феълан се додгоҳи арбитражӣ дар шаҳрҳои Истаравшану Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амал менамоянд. "Варорӯд" бо истинод ба ҳуқуқшинос Абдуқаҳҳор Ғафуров менависад, додгоҳи арбитражӣ тибқи салоҳияти худ баҳсҳои шаҳрвандию хоҷагидориро миёни ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ва бо ризоияти тарафайн баррасӣ мекунад. Гуфтанист ин додгоҳ як ниҳоди ғайриҳукуматӣ буда, ҷонибҳо ҳаками баҳсро бо мувофиқа интихоб мекунанд. Мурофиа дар ин додгоҳ ба таври озод сурат гирифта, дар зарфи даҳ рӯз бояд анҷом ёбад.
XS
SM
MD
LG