Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳадди ақалли маош дар Тоҷикистон


Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон иттилоъ дода, ки тайи як соли ахир ҳаҷми миёнаи маош дар ин кишвар то 36 фисад боло рафта, 116 сомонию 81 дирамро ташкил додааст. Ва аммо маоши воқеӣ дар соли 2006 нисбат ба як соли пеш бо дарназардошти шохиси қиматҳо 21,4 дар сад афзудааст.





Қарзи умумӣ аз пардохти ҳақмузд дар Тоҷикистон бошад дар охири моҳи декабр бинобар ба омори манбаъи мазкур ба 24 миллион сомонӣ баробар шудааст. То ба 36 дарсад боло рафтани маоши миёна дар Тоҷикистон дар ҳоле ба мушоҳида мерасад,ки дар як соли ахир қимати баъзе аз маводди ғизоӣ наздик ба 60 дар сад афзоиш касб кардааст. Таҳлилгари иқтисодӣ Аслами Муллофайзӣ дар ин бора мегӯяд: «Қимати баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатто беш аз 60 фоиз гарон шудааст, масалан нархи сабзӣ соли гузашта 62.7%, шакар 39%, картошка 57%, гӯшти гов 32% боло рафт. Умуман афзоиши нархҳо бо замми ин ки ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон ҳамагӣ 7 дар сад афзудааст ва сатҳи таваррум ба 12.5% баробар шудааст, ба андешаи ман, аз рушди назаррас ва босуръати иқтисоди Тоҷикистон дарак намедиҳад».

Ин дар ҳолест,ки интизор меравад шурӯъ аз моҳи апрели соли равон маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 15 дар сад боло хоҳад рафт ва мутаносибан ҳақмузди кормандони идораҳои буҷавӣ низ афзун хоҳад шуд.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG