Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиддин Шарифов - муддаъии курсии порлумонӣ


Вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон Ҳомиддин Шарифов муддаъии курсии вакили порлумони ин кишвар шудааст. Номзадии ӯро созмони ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз ҳавзаи интихобии рақами 37-и шаҳри Кӯлоб пешбарӣ кардааст. Аз ин ҳавза қаблан Абдуҷаббор Шамсов, ки ҳоло муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шудааст, вакил интихоб шуда буд. Ҳомиддин Шарифови 60-сола, ки тайи даҳ соли ахир вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, ҳоло барои ишғоли курсии вакилии порлумон танҳо як рақиб - Саидиброҳими Назар, намоянда аз Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро дорад. Аммо ба гумони коршиносон, дар интихоботи миёндавраии порлумонии Тоҷикистон,ки баргузории он якуми апрел дар назар аст, низ намояндагони ҳизби ҳоким пирӯз хоҳанд шуд, чун дар ҳамин гуна интихобот, ки ҳафтаи пеш дар ҳавзаҳои интихоботии Қубодиёну Восеъ доир шуд, ҳарифони номзадҳо аз Ҳизби халқии демократӣ мағлуб шуда буданд


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе .
XS
SM
MD
LG