Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои сулҳ дар Ховари Миёна


Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил имруз гуфт, ки вай ва Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар як суҳбати телефонӣ ба тавофуқ расидаанд, ки муддате аз ҳукумати воҳиди Фаластин канорагирӣ кунанд, агар ин ҳукумати нав дархостҳои маҳофили байналмилалиро дар мавриди Исроил напазирад:


"Агар ҳукумати Фаластин муқаррароти пешниҳодкардаи чаҳоргонаро дар мавриди Харитаи Сулҳи Ховари Миёна напазирад, ин ҳукумат ба расмият шинохта нахоҳад шуд ва бо он ҳамкорӣ нахоҳанд кард."


Нахуствазири Исроил ин суханонро дар ҳоле изҳор дошт, ки чанд соъат пас Кондолиза Райс-вазири умури хриҷаи Амрико вориди Исроил мешавад. Қарор аст, хонум Райс дар ҷараёни ин боздид бо Эҳуд Олмерт ва Маҳмуд Аббос-нахуствазирони Исроилу Фаластин рузи душанбе мулоқоти сеҷониба анҷом диҳад. Вале қабл аз ин мулоқоти сеҷониба хонум Райс аввал бо Маҳмуд Аббос ва сипас бо Эҳуд Олмерт мулоқоти як ба як хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG