Пайвандҳои дастрасӣ

Муносибати атрофиён бо Шумо чӣ гунааст?


Буққагарӣ оқибат надорад!
Як буққаи шохдор раҳбари кул буд, ки ҳамакнун лаҳзаи шохшикании ӯ фаро расидааст. Пас биёед ба шохшиканӣ шурӯъ кунем!

Аъзои фаъоли Ҳаракати муваффақи "Ватандор" дар поӣтахти кишвар
М.У.
--------------------------------------
Ба номи худованд.

Хеле сипосгузорам барои мавзӯъҳои ҷолиби ин майдон.

Ман ду бор шоҳиди чунин ҳолатҳо шудам. Боре дар Ватанам, вақте як дӯстам дар идораи давлатӣ марвиди тӯҳмат ва фишор қарор гирифт. Танҳо замоне ки барои дифоъ аз ӯ мо як вакили одили мудофеъ гирифтем ва бо далелҳо бегуноҳии ӯро исбот кардем, тамоми тундравии вазифадорон, ки ҳама аз як сарчашма об менӯшанд, ба оромиш табдил ёфт.

Бори дигар дар як кишвари ҳамсоя, ки бо вуҷуди муносибати ман ҳамчун кормандони таҳҷоӣ, дар ҷавоб ба ман бадрафторӣ карданд ва тамоми эҳсосоти неки маро аз байн бурданд. Вақте билоохира донистанд, ки иштибоҳ мекунанд ва ҷои пушаймонӣ буд.

Ин ба он маъно нест, ки чунин ҳодисаҳо нодиранд. Баракс хеле зиёданд ва барои ояндаи ҷавонон нигаронкунанда мебошанд. Махсусан берун аз ватан дар хориҷа, аз хориҷиён муносибати таънаомезе мебинем. Баъзан аз тарафи ҳамватнон низ, дар ҳоле ки мо ҳама аз як миллатем ва бояд дарди дили ҳамдигарро бидонем.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
--------------------------------------

Ман, сад бор шукри Аллоҳ, коргар ҳастам. Хуб, дар мавриди буққагарӣ гуфтаниам, ки ҳеч гоҳ ба касе имкон надодаам, бо ман чунин муносибат кунад, зеро ки худ аз ин чиз худро як сӯ мегирам.

Азбаски коргоҳ аст, баъзан байни кормандон якдигарнофаҳмии, ба қавле, кӯчак сар мезанад, бе ин чиз табъан намешавад, аммо мекушем тарафҳои "даргир"-ро ором кунем. Вале ин чиз буққагарие, ки гуфтед ун тур нест. Табиатан ман одами зуддаргирам. Аммо ба ин нигоҳ накарда, кӯшиш мекунам, кор то шохшиканӣ нарасад.

Пушёнӣ
-------------------------
Салому алайкум!
Ман Умедҷон!
Бештар муносибати атрофиён ба худи инсон вобастааст. Албатта, агар кас иззати нафс ва эҳтироми каси дигарро баҷо орад, ҳеч гоҳ атрофиён бо ӯ дағалона рафтор намекунанд.

Умедҷон
------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG