Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши саратон дар атрофи Деҳмой


НХ

Бар асари чангу ғубори партовгоҳи радиатсионии мавсум ба Деҳмой дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд дар як соли ахир 14 сокини ҷамоати деҳоти Ғозиён мубтало ба бемории саратон шуда, даргузаштаанд. Ин хабарро Юсуф Ғаниев- сарпизишки Маркази беҳдошти ҷамоати деҳоти Ғозиён таъйид кард.

Ин партовгоҳ дар кӯҳи Рухак, наздикии маҳалҳои аҳолинишин воқеъ буда, 90 ҳектор масоҳат дорад. Масофаи миёни партовгоҳу рустоҳо камтар аз як километр аст ва шамол моддаҳои радиоактивро аз партовгоҳ то ба дуриҳо паҳн мекунад. Бинобар ин, шумори гирифторони саратону бемориҳои дигар дар маҳалҳои наздики партовгоҳ афзун шудааст. Юсуф Ғаниев чунин мегуяд:


«Соли 2005 10 нафар аз касалии саратон вафот карданд, соли 2006 бошад, 14 нафар ҳалок шуданд, зиёд шуда истодааст ин рақам. Ҳамин ифлосиву чангу ғуборе, ки аз партовгоҳ мебиёяд, ба ҷигари одам таъсир карда, ба касалиҳои гепотити вирусӣ ҳам таъсир расонида истодааст. Боз мана ин касалиҳои камхунӣ нисбат ба солҳои пеш бисёр шуда истодааст».


Бо вуҷуди ин ки маъданшӯӣ дар корхонаи давлатии «Востокредмет» қатъ гардидааст, вале партовгоҳи Деҳмой 14 сол инҷониб безарар нашудааст. Қаблан ин партовгоҳ аз об пур карда мешуд ва шамол ғубори моддаҳои радиатсиониро парешон намекард. Аммо мақомоти «Востокретмет» бо ишора ба камбуди молӣ мегӯянд, дар рӯйпуш кардани ин партовгоҳ дасткутоҳанд. Леонид Павлов, намояндаи корхонаи «Востокредмет» ба мо чунин гуфт:


«Барои ҳадди ақал нимпӯш кардани 90 ҳектор масоҳати партовгоҳ, мутобиқ ба қоидаҳои вогиршиносӣ, кори пурмашаққате бояд анҷом гирад. Барои то андозае безазар кардани ин партовгоҳ ҳудуди 50 миллион сомонӣ бояд масраф шавад».


Коршиносон мегӯянд, агар ғайричашмдошт сарбанди ин партовгоҳ рахна шавад, маводи радиоактив метавонад ба рӯди Сир ворид шавад, ки ин барои ҳаёти инсонҳо пайомадҳои хатарзо хоҳад дошт. Ҳамзамон мутахассисон аз эҳтимоли дар пайи боду борон шуста шудани хоктӯдаҳои радиоактивӣ аз партовгоҳи рӯкушоди Табошар низ изҳори нигаронӣ мекунанд.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG