Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди нав ба сармоягузорон?


Намояндаи Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон наздик ба 600 корхонаи муштарак сабти ном шудааст, аз нисф зиёди онҳо амалан фаъол нестанд. Ин манбаъ афзудааст, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 200 корхонаи муштарак фаъолият дошта, танҳо 112 адади онҳо бо сармоягузории хориҷӣ кор мекунанд. Тафтиши фаъолияти онҳо дар соли гузашта нишон додааст, ки як қатор корхонаҳои муштарак даромади воқеии худро пинҳон медоранд ва эҳтимол меравад, зиёни ин амал даҳҳо миллион сомониро ташкил диҳад. Инчунин ишфо шудааст, ки бисёре аз сармоягузорон ӯҳдадориҳои худро дар бобати корбасти саҳми худ ва расондани таҷҳизоту фанновариҳо ба иҷро нарасондаанд.


Ин тафтишот дар ҳоле ҷараён хоҳад гирифт, ки Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар қонуни нави тақсими даромад, кори сармоягузорони берунаро зери назорати шадидтар мегирад ва дар ҳоле мақомоти Тоҷикистон тайи сафарҳои пурхарҷи хориҷӣ ва бизнес-форумҳои бешумор хориҷиёнро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон даъват мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон ва бархе аз аъзои порлумон, иқдомоти ахир метавонанд, сабаби коҳиши сармоягузории хориҷӣ дар кишвар шаванд. Худи ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз натавонистааст, дар эҷоди ҷои кор барои шаҳрвандон ба муваффақияти назаррас ноил гардад ва садҳо ҳазор нафар тоҷикон дар Русия мардикорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG