Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Райс дар Ховари Миёна


Имруз Кондолиза Райс-вазири умури хориҷаи Амрико ғайримунтазира вориди Бағдод-пойтахти Ироқ шуд. Вазъ дар Бағдод ҳоло ором аст ва хонум Райс гуфт, таасуроташ аз чунин вазъ хуб аст:


"Ман мехоҳам бигуям, ки мо аз раҳбарии нахуствазир ва гуруҳи вай таасуроти хуб дорем. Ба ҳамин сабаб мо бовар дорем, онҳо ба рушанӣ нишон медиҳанд, ки чунин равиш марҳалаи ҷадиде барои мардуми Ироқ хоҳад буд".


Чанд соъат қабл аз вуруди Кондолиза Райс ба Бағдод дар Киркук-шаҳри курднишин дар шимоли Ироқ дар натиҷаи инфиҷоре дастикам 10 нафар кушта, 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Баъд аз оғози амалиёти густардаи амниятӣ дар Бағдод хонум Райс баландпоятарин мақоми амрикоист, ки вориди ин шаҳр шудааст. Баъд аз Ироқ боздиди вазири умури хориҷаи Амрико аз Исроил идома меёбад.
XS
SM
MD
LG