Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Забони сиёсии тоҷикӣ


Дар тули чанд соли охир, хоса баъди касби истиқлолияти миллии Тоҷикистон табиист, ки фазо барои, ба истилоҳ рушди сиёсӣ бештар муносиб шуда ва сиёсатмадорони зиёде вориди саҳна ва аз он хориҷ мешавад. Аммо дар ин миён касоне, ки бо ҷиддияти тамом ва назокати баён дар сиёсат муваффақ бошанд ё нестанд ва ё кам ба назар мерасанд.

Тақрибан аксари кулли сиёсатмадорони кунунии Тоҷикистон зимни фаъолияти худ зарфи ин солҳо ҳарфҳое гуфтаанд, ки гоҳо худи онҳо аз такрор ва ё шунидани он шарм медоранд.
- Паҳлавонро як бор тахтапушт мезананд, равед соли дигар биоед.
- Мо бо онҳо сулҳ намекунем, дасти онҳо то оринҷ дар хун аст.
- Мо ба чунин сулҳе, ки зери фишори устод Раббонӣ имзо шудааст, мухолифем.
- Ин сулҳ бо мо маслиҳат нашуда буд.
- Насли ҷавони мо, мутаассифона, ҷангро надидааст.


Инҳо ибораҳоеанд, ки муаллифони онҳо намехоҳанд дигар ба ёд биоранд, аммо моли таъриханд. Ва ин ҳол ба шакли дигар идома дорад ва Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд сиёсатмадорон дар тарзи баён пешрафти бештаре кардаанд. Ба ақидаи оқои Кабрӣ ин ҳол, яъне бо сароҳат сӯҳбат накардани сиёсатмадорон ва иштибоҳоти онҳо, дар аксари маврид ба масъалаи сиёсӣ нашудани забони тоҷикӣ ё форсии қаламрави Тоҷикистон низ бармегардад. Қабл аз ҳама истилоҳот ва таъбиру ибороти сиёсии ҷоуфтода барои баёни андешаи ё мавқеи сиёсӣ барои сиёсатмардон дар изҳори назар мушкил эҷод мекард.

Аммо Раҷаби Мирзо раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вазъ беҳбуд наёфта ва сиёсатмадрон дар ибрози назар ҳамчунон бемасъулият боқӣ мондаанд. Ба андешаи ӯ матбуоти озод танзимгари вазъи изҳори назар ва баёни андешаҳо низ ҳаст ва вақте аз суханони афрод интиқод намешавад ва ё баёнияҳои онҳо баррасӣ намешавад, онҳо масъулияти камтаре дар ибрози назарашон эҳсос мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷӯҳи матбуот ба ин масъала метавонад забони сиёсатмадоронро тасҳеҳ кунад. Масалан, қатъи назар аз он ки суханони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар бораи Идораи обу корези Душанбе дуруст буд ё на, вале баҳс то куҷо кашид ва танҳо ба наздикӣ хотима ёфт.

Аз мусоҳибонам мепурсам оё онҳо низ ҳарфе гуфтаанд, ки сароҳат надошта ва ё баъдан боиси шармсории онҳо шуда бошад ва ё худи онҳо аз ин ҳарфашон эҳсоси хиҷолат карда бошад. Муҳиддин Кабирӣ: "Мисоли мушаххас надорам, вале ҳатман чунин ҳолатҳо мешаванд, ки баъзе дӯстон аз ин ё он сухани ман изҳори ноқаноатмандӣ мекунанд. Ва ё гоҳо баъдан мебинам, ки метавонистам, андешаи худро ба шакли беҳтару нишонрастар баён кунам. Албатта, мо ҳам инсонем ва аз чунин хато эмин нестем, аммо чизе нагуфтаам, ки маро пушаймон карда бошад."

Аммо Раҷаби Мирзо низ ба собиқаи гоҳе гуфтори носаҳеҳи худ иқрор аст: "Дар давраи интихобот чизи норавшане гуфтам, ки баъдан рақибон онро ба тарзи худ шарҳ дода, шиори зарбаи ҷавобӣ карданд."
Вале Абдуллоҳи Қодирӣ, устоди сиёсатшиносии донишгоҳ мегӯяд, баёни сиёсатмадор ва масъулиятшнисоии у дар баён ба масъалаи тарбия бармегардад. Яъне ба масъалаи мактаб, масъалае, ки то кунун дар Тоҷикистони ба он таваҷҷӯҳи камтаре шудааст. Дар ин барнома масъалаи мантиқ ва забон муҳим аст.

Аммо бо ҳама вуҷуд воқеъият ин аст, ки то кунун ба масъалаи назокати баён дар сиёсати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи камтаре маътуф шуда. Тавре гуфта шуд, ду навъи иштибоҳот дар баён мушоҳида меашвад, яъне ношӣ аз тасаввурот ва тасдиқот. Ё ба истилоҳ иштибоҳи лафзӣ ё забонӣ ва иштибоҳи зеҳнӣ ва бемасъулиятӣ ё камдонишӣ.
Ду навъи иштибоҳе, ки дар сиёсат камокон идома дорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG