Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти фаромарзии Тоҷикистону Узбакистон: Роҳи ҳал кадом аст?


Минҷумла зикр гардид, ки ҳалли низоъи оби ошомиданиву полезӣ ва чарогоҳҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон намунаи раҳоиш аз дигар мушкилоти фаромарзӣ дар минтақа метавонад бошад.
Баҳром Файзуллоев, ҳамоҳангсози барномаи ҳамкории фаромарзии Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, аввалан ин мушкилот дар сатҳи ҳукуматҳо ва аз ҳама муҳим тавассути дипломатияи мардумӣ ҳал шудааст.




Оқои Файзуллоев нақши созмонҳои ғайриҳукуматиро бахусус таъкид намуд. Муноқишаҳо сари оби ошомиданӣ ва чарогоҳҳо дар навоҳии Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон аз соли 1957 то охири солҳои 80-ум борҳо сар зада, то бархӯрдҳои мусаллаҳонаи тоҷикону қирғизҳо расида буд. Раҳбарони барномаҳои СММ мегӯянд, тавассути пиёда кардани барномаҳо сари истифодаи сарфакорона ва ҳадафноки об ва низ тафоҳум миёни ҳукуматҳои маҳаллии Исфараву Ботканд низоъ бартараф шудааст.




Тибқи иттилоъи расмӣ, барои пиёда сохтани барномаҳои фаромарзӣ созмонҳои байнулмилалӣ, минҷумла СММ аз соли 2003 ба ин сӯ ҳудуди 1 млн доллар ихтисос додаанд. Абдураҳим Ҷурақулов, раҳбари барномаи рушд ва сулҳи СММ дар Қирғизистон мегӯяд, бо ин вуҷуд як қатор мушкилоте боқӣ мондаанд, ки раванди ба вуҷуд омадани тафоҳум сари онҳо ба кундӣ пеш меравад.




Вай афзуд, баъзе аз қисматҳои марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аломатгузорӣ нашудаанд. Вай афзуд: «Қаблан мушкилот миёни мардуми мо тавассути дипломатияи мардумӣ ҳал мешуд, аммо ҳоло ки тамоми сохторҳои ҳукуматиро дорем, чаро наметавонем, ки мушкилотамонро ҳал кунем. Ҳалли ин мушкилот ба манфиати ҳарду ҷониб аст. Коршиносони СММ мегӯянд, яке аз кӯшишҳои ин созмон бар он аст, ки кишвари дигари минтақа Ӯзбакистонро низ ба ҳалли ҳамчунин мушкилоти фаромарзӣ ҷалб кунанд".



Карл Линсон, коршиноси СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, созмонаш дар ҳоли гуфтугӯ бо Ӯзбекистон аст. Вай афзуд, зарурате пеш омадааст, ки Ӯзбакистон марзҳои худро аз мина поккорӣ кунад: «Мушкили мина бахусус барои сокинони баъзе аз ҷамоату деҳот хеле ҷиддӣ истодааст. Азбаски майдонҳои минакоришуда дар марзҳои Ӯзбакистон ҷойгиранд, барои мо хеле мушкил аст, ки аз Душанбе истода як кори мушаххасеро анҷом диҳем. Ягона кореро, ки мо метавонем кунем, тавассути васоити ахбори умум мардумро аз мавқеияти майдонҳои мина ва усули бехавф аз онҳо гузаштан огаҳ кардан аст»



Тибқи иттилооти расмӣ, беш аз 200 нафар атбои Тоҷикистон ҳангоми убур аз марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон бар асари инфиҷори минаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Коршиносони СММ мегӯянд, марзи минакоришудаи Ӯзбекистону Тоҷикистон умдатарин мушкил дар равобити мардуми ду тарафи марзи ин ду кишвар шудааст. Онҳо мегӯянд, пайомадҳои ин амали Ӯзбакистон дар кундии рушди иқтисодӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Ӯзбакистон ба мушоҳида мерасад. Қаблан Ҳукумати Ӯзбакистон аз даъвати СММ дар мавриди поккории марзҳояш бо Тоҷикистон истиқбол карда буд. Аммо то ба ҳол ин кишвар ягон барномаи поккории марзҳояшро аз сар нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG