Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афроди вобаста ба ҲИУ дар Исфара


Додситонии шаҳри Исфара алайҳи се сокини ин маҳал бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) мутобиқи бандҳои «терроризм» ва «қасд ба анҷоми амалиёти террористӣ» - и асноди ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст.





Боздошти ин афрод, ки манбаъҳо ба далели ҳифзи сирри тафтишот аз ошкор сохтани номҳои аслии онҳо худдорӣ меварзанд, дар авохири соли гузашта дар Исфара аз ҷониби кормандони умури минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар вилояти Суғд сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ дар манзили яке аз боздоштшудагон 500 килограмм селитраи аммиак, ки дар сохтани маводи худсохти инфиҷорӣ ба истифода меравад, ошкор ва мусодира шудааст.






Ҳамин манбаъ меафзояд, ин се нафари боздоштшуда барои тарҳрезӣ ва роҳандозии амалиёти террористӣ, аз қабили гаравгонгирӣ ва инфиҷор, дар берун аз хоки Тоҷикистон омӯзиш дидаанд. Мақомоти интизомиву амниятии Суғд ноҳияи Исфара, 130 километрии Хуҷандро минтақае меҳисобад, ки дар он аъзои ҲИУ назар ба манотиқи дигари минтақаи шимолии Тоҷикистон фаъолияти густарда доранд.







Абдураҳим Қаҳҳоров - сардори идораи умури дохилаи Суғд гуфт, ҷиноёти пуровозаи соли гузашта - куштори ду корманди интизомии Конибодом, ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва ҳадафи тир қарор додани сарвари ин боздоштгоҳ, ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара, ки се куштаи сарбозу афсарон бар ҷой гузошт, ин ҳама аз ҷониби аъзои ҲИУ ба амал оварда шудааст. Генерал Қаҳҳоров афзуд :






«Ба фикри ман, аъзои ҲИУ барои он асосан Исфараро майдони фаъолияти худ қарор додаанд, ки ин минтақа дар нуқтаи сарҳади се ҷумҳурӣ Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон қарор дорад ва майдони амалиёт барояшон фарох аст.»







Дар зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ ва боздошти афроди гумонбар ба фаъолият дар ҲИУ дар давоми чаҳор моҳи ахир дар Исфара ду паноҳгоҳи зеризаминӣ ошкор шудааст, ки мақомоти интизомиву амниятӣ онҳоро ба аъзои ҳаракати мазкур нисбат медиҳанд. Дар ҳоли кунунӣ Идораи умури дохилаи Суғд барои боздошти 21 узви ҲИУ, сокинони Суғд ҷустори ҷиноӣ эълон кардааст. Ҳамзамон имрӯзҳо дар додгоҳи Суғд бозбинии парвандаи як гурӯҳи иборат аз 7 нафар, ба шумули 3 шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми фаъолият дар ҲИУ идома дорад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG