Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкумияти омилони беназмиҳои консерти Ораш дар Душанбе


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе панҷ тан аз омилони бенизомиҳои консерти баргузорнашудаи Ораш -овозхони маъруфи эронии муқими Суид дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар тирамоҳи соли гузаштаро аз ду то панҷ сол равонаи зиндон кардааст.






Набиҷон Алиев - додраси додгоҳи ноҳияи Сино, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии омилони ин беназмиҳоро ба анҷом расонидааст, гуфт аз миёни ин афрод се нафарошон ноболиғ буда, дуи дигар - яке донишҷӯ ва дувумӣ сокини ноҳияи Варзоб аст, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекардааст.





Оқои Алиев афзуд чаҳор нафари муттаҳам барои ташкили беназмиҳо ва муқобила бо намояндагони мақомоти интизомӣ айбдор дониста шудаанд. Вале Ғуломалӣ Нуров бо замми модаи 384 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне таҳқири парчам яке аз рамзҳои давлатӣ панҷ солро дар маҳбас мегузаронад.





Ин консерт, ки қарор буд рӯзи 10 сентябри соли гузашта дар варзишгоҳи марказии пойтахт ба таври ройгон доир шавад, ба иллати саривақт ҳозир нашудани дастаи муғанниёни Ораш сурат нагирифт. Ҳарчанд Ораш аз мухлисони худ барои чунин сурат гирифтани кор узрхоҳӣ кард, аммо мухлисон, ки аксарият ҷавонон буданд бо хотири ошуфта даст ба шикастани сандалиҳои варзишгоҳ ва ба партоби зарфҳои нӯшоба сӯи пулис заданд.





Ҳамчунин беназмиҳо дар хиёбонҳои пойтахт бештар шуда теъдоде аз мошинҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ аз сӯи ин ҷавонон тахриб карда шуданд. Тибқи иттиллои мақомоти бозрасӣ маблағи хисороти ворида ба варзишгоҳи марказии пойтахт беш аз 54 ҳазор сомонӣ , ба муассисаи нақлиёти мусофирбарии пойтахт 24 ҳазор сомонӣ , ба идораи роҳи ноҳияи Сино 131 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла 2950 курсии варзишгоҳи марказӣ, 726 адад чароғи раҳнамо ва 12 истгоҳ тахриб шудааст.




Ба иттиллои ҳамин манобеъ бист нафар аз сокинони пойтахт ба шумули ду духтар ба ҳангоми ошӯби мазкур ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Хисороти расида ба соҳибони мошинҳои шахсӣ 15-уним ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳамзамон дар маводи мақомоти тафтишотӣ таъкид шудааст ,ки баргузории ин консерт дар нақшаи вазорати фарҳанг набудааст ва вазорати амният низ аз қабл барои таъмини бехатарӣ дар ҷараён гузошта нашудааст. Набиҷон Алиев-додраси додгоҳи ноҳияи Сино илова кард, ки ҳукм ба иҷро даромадааст, зеро дар додгоҳи таҷдиди назар низ онро бидуни тағйир боқӣ гузоштаанд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе.
XS
SM
MD
LG