Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтиниги FIFA ду зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинги нави футболи ҷаҳонӣ ду зина поинтар - ба ҷойи 127-ум фуромадааст ва миёни 45 кишвари қораи Осиё дар мақоми 21-ум қарор гирифтааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ду зина поин шудани Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA ба ширкат накардани дастаи мунтахаби миллии кишвар дар мусобиқот бастагӣ дорад. Мутаассифона, тибқи нақшаи имсолаи чорабиниҳои Конфедеросиюни футболи Осиё иштироки дастаи мо дар ягон мусобиқот ба назар гирифта нашудааст. Бинобар ин мо тибқи нақшаи кории худ имсол якчанд бозии дӯстонаи байнулмилалӣ анҷом доданием.

Ирон, ки беҳтарин тими миллии қораи Осиё маҳсуб мешавад, дар рейтинги нави FIFA панҷ зина болотар - ба ҷойи 32-юм баромадааст. Австралиё, ки ҳамчун узви Конфедеросиюни футболи Осиё байни кишварҳои ин қора дувум аст, мавқеъашро дар мақоми 39-ум нигаҳ доштааст. Ҷопон панҷ зина болотар - ба ҷойи 41-ум баромадааст ва дар қораи Осиё севум шудааст. Вале Узбакистон панҷ зина поинтар - ба ҷойи 50-ум фуромадааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи ёздаҳум қарор гирифта, аз Озарбойҷон (130-ум), Қирғизистон (139-ум), Қазоқистон (145-ум) ва Туркманистон (155-ум) пеш гузаштааст. Укроин миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввал аст ва дар рейтинги нави FIFA ду зина болотар ба зинаи 11-ум баромадааст. Русия се зина поинтар - ба ҷойи 27-ум фуромадааст.


Итолиё - қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон миёни 207 кишвари аъзои FIFA ба зинаи аввал баромадааст. Бразил ба зинаи дувум фуромадааст. Аргентина дар мақоми севум қарор гирифтааст. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон Фаронса, Олмон, Инглистон, Ҳолланд, Португол, Ҷумҳурии Чех ва Испаниё ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG